Ман ба раҳми Парвардигор, ба хиради азаливу иродаи неки халқам бовар доштам ва ҳамеша ба неруҳои солим ва рўҳи сулҳхоҳонаи миллати тоҷик такя менамудам.
Эмомалӣ Раҳмон
Сулҳ, ваҳдат, иттиҳод, сарҷамъӣ ин вожаҳое мебошанд, ки дар худ фарогири дигар унсурҳои ҳаётан муҳимми ҷомеаи инсонӣ буда, дар сурати мавҷудияти онҳо ба он мақсаду ҳадафҳое, ки давлат, ҷомеа ва шахсон дар назди хеш гузоштаанд, ноил гардидан мумкин аст, дар сурати ғайр нашояд.
Барои миллати куҳанбунёд ва решабатаърихи тоҷик мафҳумҳои болозикр басо гаронарзиш ва муқаддас маҳсуб меёбанд. Зеро сабақҳои таърих ба мо омўзонид, ки онҳо чӣ қадар арзишманд мебошанд. Ҳаводиси даҳаи охири қарни гузашта, ба миллати тоҷик як қатор ҳодисаҳои ҳузнангезеро ба бор овард, ки ҳамаи онҳо омилҳои ба худ хосеро доро мебошанд.
Асри ХХ-ум дар таърихи башарият бисёр ҳодисаҳоеро ба бор овардааст, ки дар авроқҳои бойгонишуда абадан дар хотироти таърих ҳаккокӣ хоханд шуд. Усули давлатдорӣ ва сохти низоми идоракунии давлатҳо ба худ шакли наверо касб намуд ва таҳаввулотҳои азимеро рўи кор овард. Пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, авҷи зиддиятҳои ҷаҳони дуқутба – («ҷанги сард» байни капитализм ва сотсиализм) боз ҳам боло гардид. Табиист, ки охири ҳар ҷанг бурд ё бохт аст, ки яке аз тарафҳоро насиб мегардад. Натиҷаи ҷанги мазкур бар зарари сотсиализм хотима ёфт. Дар интиҳои садсолаи ХХ давлате чун Иттиҳоди Шуравӣ акнун дигар дар харитаи сиёсии ҷаҳон вуҷуд надошт. Давлате, ки якчанд давлати алоҳидаро дар зери як ақида бо ҳам муттаҳид намуда буд, барои онҳо роҳи озоди муайян намудани сиёсати дохиливу хориҷиашонро кушод. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви кишвари абарқудрати Иттиҳоди Шуравӣ маҳсуб меёфт, аз ҷараёнҳои мазкур дар канор буда наметавонист.
Ба халқи решабатаърих ва боасолати тоҷик пас аз санҷишҳои тўлонии таърихӣ имкони дубора ба даст оврдани истиқлоли миллӣ 9-уми сентябри соли 1991 даст дод. Бо омилҳои субективӣ ва объективӣ ва бо дахолат аз хориҷи кишвар, ки душманони миллати тоҷик маҳсуб меёфтанд ва мехостанд истиқлолияти миллати тоҷикро бо ҳар роҳу восита халалдор намоянд, ба мақсаду ниятҳои ғаразноки худ каме ҳам бошад дастёб гардиданд, вале он дер давом накард. Дар натиҷаи чунин ниятҳои нопоки онҳо, кишвар ба коми оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд ва хатари аз байн рафтани давлат ва миллат ҳақиқати воқеӣ гардид. Ҷанги мазкур боиси талафотҳои ҷуброннопазир гардид, яъне ҳазорон нафар шаҳрвандон кушта шуда, боиси хисоротҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ гардид ва пояҳои асосии давлатиро фалаҷ гардонид. Дар кишвар низоми бесарусомнӣ ва қонуншиканӣ ҳукмрон гардид.
Вазъияти баамаломада зарурати оҷилан андешидани тадбирҳои заруриро ҷиҳати хомўш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини оромию субот, сарҷамъии миллат ва ба суйи ҳаёти муътадил роҳнамоӣ кардани мардуми тоҷикро тақозо менамуд.
Дар чунин шароит барои миллат ва халқе, ки ба гирдоби низоъ ва камакашиҳои гурўҳҳои манфиатхоҳон афтодаву азият мекашид, шахсияте даркор буд, ки тавонад ягонагӣ, устуворӣ ва пойдории давлати тозаистиқлолро ҳифз намояд, чунин шахс пеш аз ҳама донишманд, соҳибкасб, мутахассис буда, ба манфиат ва арзишҳои миллии худ дар муқоиса бо арзишҳои дигар бартарият диҳад.
Бо мақсади бо ҳам овардани миллати парешонгардидаи тоҷик танҳо нафаре лозим буд, ки ҷони хешро сипар намояд ва бо миллатро сарҷамъ намояд. Дар чунин лаҳзаҳои ҳассои таърихӣ, ки хатари аз байн рафтани миллати тоҷик ба воқеият табдил гардида буд, ба қавли шоири равоншод ва зиндаёди миллат Лоиқ Шералӣ:
Раҳми парвардигори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Хушбахтона дар чунин лаҳзаҳои тақдирсоз халқи тоҷик нафареро ба ҳайси роҳбари давлат интихоб намуданд, ки худро қурбонии роҳи озодӣ ва таъмини сулҳи сартосарии кишвар намуд, ки ҳама дастовардҳои навини даврони истиқлол ба номи ў тавъам аст, ин Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар ҳақиқат раҳми Худованд нисбати ин миллат боло гирифт ва нафаре рўи кор омад, ки ба ҳама ин бесарусомонӣ хотима бахшид. Нахустин калом ва баромади ў аз сулҳ садо дод: “Ман ба хонадони Шумо сулҳ меорам ва то охирин фирории иҷборӣ ба Ватан барнагардад, осуда нахоҳам буд. Ман барои амну амонии халқу Ватани азизам ҳозирам ҷони ҷавонамро, қурбон кунам”. Таърих ҳақ будани ин суханонро собит сохт.
Ҳақ бар ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми шодбошии хеш бахшида ба 26-умин солгардиди ҷашни Рўзи Ваҳдати миллӣ чунин иброз намуданд, ки бо ташаббуси фарзандони огоҳу ватандўст даъват гардидану баргузор шудани Иҷлосияи шонздаҳуми таърихии Шурои Олӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд ва интихоби роҳбарияти нави сиёсии мамлакат дар он шароити ниҳоят вазнин роҳи ягона ва дурусти қатъи хунрезӣ, барқарорсозии сулҳу оромӣ, сарҷамъ кардани миллати тоҷик, бартараф намудани оқибатҳои ҷанг ва фароҳам овардани шароит барои таъмин намудани рушди Тоҷикистон буд.
Дар таърихи навини давлатдории мо бозёфти нодири таърихи ин ба маснади олии давлатдорӣ интихоб намудани Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Роҳбари ҷавон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати сартосарӣ омода буд, ки бо мақсади иҷро намудани ваъдаи додаи худ, ба хотири сарҷамъии миллат ва пойдории он масъулияти вазнинро бар дўши худ гирад, ки на ҳар кас чунин ҷураътро доро буд.
Раванди барқарор намудани сулҳи тоҷикон басо роҳҳои пуршебу фарозеро тай намудааст, вале самараи хуберо ба бор овардааст, ки мо аз он истифода мебарем. Бо хизматҳои шабонарўзӣ ва ҷонфидоиву азхудгузаштанҳо Эмомалӣ Раҳмон, ки марде аз сарнавишт баҳри миллати тоҷик маҳсуб меёбад, санаи 27-уюни солии 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид ва бо ташабуссҳои бевоситаи ин шахс ба ҳама низоъву хунрезиҳо хотима бахшида шуданд. Пас аз қабули ин Созишнома Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави рушди давлатдории худ ворид гардид.
Вобаста аз нақш ва хизматҳои ҷовидонаи Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу истиқрори миллӣ сухан гуфтан, зарурат ба такмил ва ё шарҳу тафсири иловагиро вуҷуд надорад. Зеро мактаби сулҳоварии Эмомалӣ Раҳмонро имрўз ҷрмеаи ҷаҳонӣ мавриди омўзиши ҳамаҷониба қарор додаанд ва моро месазад, ки ба шахсияти Эмомлӣ Раҳмон ҳамчун як Лидери сиёсии сатҳи ҷаҳон эҳтиром ва арҷгузорӣ намоем. Мо агар мунсифона хизматҳои кардаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баҳогузорӣ намоем, ҳамаи дастовардҳои даврони истиқлол самараи хизматҳои эшон буда, ҳама дастоварду пешравиҳо ба шахсияти ў таваъм маҳсуб меёбад.
Кишвари азизамон дар давоми зиёда аз се даҳсола таҳти роҳбарии одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ ба дастовардҳои беназиру бемисл ноил гардид ва Тоҷикистони азиз ба сўйи ояндаи нек гомҳои устувореро ба пеш мегузорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, балки тавонист, дар ҳалли як қатор мишкилотҳои сатҳи байналмилалӣ нуқта гузорад. Чунончӣ дар ташаббусҳои ўро имрўз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хубӣ мепазиранд ва аз онҳо гарм истиқбол менамоянд. Ташабуссҳои ҷаҳонии Пешвои миллат ин таъмин намудани ҳар як сокини сайёра бо оби ошомидании тоза, пешгирии терроризму экстримизм, таъмини сулҳу амният дар кишвари ҳамсоя Афғонистон ва дига ташаббусҳо мебошанд. Яке аз далели бевоситаи гуфтаҳои мазкур ин суханони Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Ҷаноби Си Ҷинпин мебошад, ки санаи 19.05.2023 зимни сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии мардумии Чин хеле воқеабинона ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чунин суханон таъкид намуд “Шумо Ҷаноби Президент миёни мо Сарони давлатҳо аз ҳама сиёсатмадори пуртаҷриба ба Шумор меравед, ки дар саргаҳи таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва дар саргаҳи Созмони ҳамкории Шанхай истода будед.
Шумо хеле сиёсатмадори хирадманд, пуртаҷриба ва дурбин ҳастед ва дар рушди муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим мебозед. Пешниҳод ва андешаҳои Шумо барои мониҳоят муҳим мебошад”. Призиденте, ки ба ин қадар иқтисодиёти пешрафта, ки зиёда аз 70% иқтисодиёти ҷаҳониро идора менамояд ва аҳолиаш, ки зиёда аз 1.7 млрд-ро ташкил медиҳад, ба роҳбари давлати мо чунин суханони бузургро нисбат додааст, худ далели бузургӣ ва ҳамчун як Лидери сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ будани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва барои он нафаре, ки худро ҳамчун соҳибватану тоҷик арзёбӣ менамояд, аз ин дида ифтихори бузурге вуҷуд надорад.
Мо дар замоне ба сар мебарем, ки як қатор падидаҳои манфии ҷомеа арзи ҳастӣ намуда истодааст ва нави он зуҳур намуда истодааст, ба монандӣ ҷаҳонишавӣ, ки пайомадҳои ногувореро метавонанд ба бор оваранд. Аз ин рў вазифа ва масъулияти шаҳрвандии ҳар яки мо дар он аст, ки нисбат ба ҳолатҳои мазкур истиодагарӣ намуда, пояҳои давлатдории худро мустаҳкам намуда, сулҳу субот, якпорчагӣ ва истиқлоли онро ҳифз намуда бошем. Бо ин мақсад мо бояд ҷавонони саодатманди диёри нозанин пеш аз ҳама худшиносу худогоҳ ва масъулиятшинос бошем.
Новобаста аз ин, ба қадри ҳама ин дастгириву ғамхориҳои давлату ҳукумат ва хосатан Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нарасида, фирефтаи ваъдаҳои бемантиқи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористиву ифродгароӣ гашта, худро ба доми онҳо меандозанд ва бо ин амали худ, обурў ва эътибори давлати хешро дар арсаи байналмилаллӣ коста месозанд.
Мо насли ояндасози кишвар худро худро ба он равона месозем, ки ватани маҳбубамон Тоҷикистони беназирро боз ҳам ободу зебо ва хуррам гардонем ва ваъда медиҳем, ки ҳар як лаҳза зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста донишу малака ва ҳунару истеъдоди худро такмил дода, бо масъулияти баланди шаҳрвандию ифтихори миллӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ фаъолияти пурсамар ва баҳри пойдориву устувории давлати хеш, таҳкими Ваҳдати миллӣ, самимона ва фарзандона хизмати содиқона менамоем.
Бигузор ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳар яки мо итминони комил дошта, зеро мо ҷавонони саодатманди диёри нозанин дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҷонибдори давлати соҳибихтиёру дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягонаи Тоҷикистон мебошем. Аз ҳама ҷавонони саодатманди даврони истиқлолият даъват ба амал меоварам, ки худро зи ҳар гуна хатарҳои ҷаҳони муосираз ҷумла, шомилшави ба равияҳои бегона, тақлидкорӣ ба фарҳанги ғайр эмин нигоҳ дошта дар эмори ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ саҳми арзанда гузоранд!
Мо гушаи нангем, тинҷию оромӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, забон, фарҳанг ва муқаддасоти Ватанро бо тамоми ҳасти ҳифз ва гиромӣ хоҳем дошт. Ҳисси худшиносии миллии мо бояд боло бошад ва чи хеле, ки Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ мефармояд.
Миллат аз нури хирад, бино шавад,
Гар шиносад хешро, бино шавад!
Хушбахтона имрўз дар кишвари мо сулҳу ваҳдат тантана дорад. Кабутари сулҳ дар осмони софи ин Ватани аҷдодӣ парвоз дорад, хандаи ширини кўдакону аллаҳои гушнавози модарони мо ба гуш садо медиҳад ва бигузор ин истиқлолияту ваҳдати мо то абад пояндаву ҷовидон бод. Барои ба қадри озодиву истиқлол, сулҳу ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободониҳои кишвари маҳбубамон Тоҷикистони азиз расидан, пеш аз ҳама доштани чашми ҳақбину гўши ҳақшунав, виҷдони инсонӣ, ғурури миллӣ, имони комил ва дасту дили пок зарур аст. Муттаҳид будан дар атрофи сиёсати Пешвои миллат ин вазифаи имониву инсонии мо ба ҳисоб меравад, зеро иттиҳоду сарҷамъии мо боиси пешрафту шукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистони азиз мегардад. Чӣ гунае, ки Пешвои миллат борҳо дар ҳама баромаду суханрониҳои худ қайд менамоянд, Ватани моро ба ҷуз худи мо, каси дигар обод нахоҳад кард. Олими тоҷик, профессор А.Ғ. Холиқзода хеле мунсифона баён доштааст, ки ҳифзи Ваҳдат аз қадршиносии ғояи Пешвои ваҳдат оғоз мегардад. Аз ин рў мо бояд ба шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як сарват ва бозоёфти нодири таърихи муносибат намуда, дар афтори сиёсати бунёдкоронааш муттаҳид гардида, суханони ўро сармашқи кори ҳаррўзаи хеш қарор диҳем.
Ҳамаи ин хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои дурахшони таърихи халқи тоҷик абадан бо ҳарфҳои заррин ҳакокӣ карда хоҳанд шуд.
Дил барои хизмати ин кишвари ҷононаем,
Пайравони Пешвои миллати фарзонаем.
Искандаров Шарафҷон – мутахассиси пешбари шуъбаи пажўҳиши ҳуқуқи исломӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент