Ваҳдати Миллӣ – ганҷи бебаҳо

“Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст”.

Мардуми шарафманди кишварамон ҳар сол солгарди ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро дар баробари Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ қадр карда, нисбати онҳое, ки чунин бахти бузургро чун сулҳ ба мо ҳадя кардаанд, арҷ мегузоранд.

Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Ин ҷашн рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳангу сулҳ ва ақлу заковати солими миллати сулҳпарвари тоҷикро собит месозад”.

Ҳарчанд бо гузашти аёйм моро аз он рӯзи пурнишоту тақдирсози 27 - июни соли 1997 -  санаи имзои Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон ва Ваҳдати миллӣ дур мекунад, фарру шаҳомати созандаи он бо рангу ҷилои нав пеши назар ҷилвагар мегардад.

Умуман, то имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ҳашт давраи мулоқоту музокироти ҳайатҳо ва чор вохӯрии бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдулло Нурӣ дар Маскав, Теҳрон, Кобул, Алмаато, Ашқобод, Бишкек, Исломобод баргузор гардида буданд.

27 июни соли 1997 бо пофишориҳо ва истодагариҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ба имзо расид. Бузургон дуруст гуфтаанд, ки “оқибати ҳамаи ҷангу низоъҳо сулҳ аст”. Бояд қайд намуд, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар олам назир надошта, фарҳангу тамаддуни азалии миллатамон ба он боис гардид, ки ба зудӣ пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта шуда, ба Ваҳдати миллӣ расем.

Таҷрибаи сулҳи мо чун падидаи тозаи давлатдорӣ мавриди омӯзишу пайравии мардуми сайёра қарор гирифтааст. Ба шарофати Истиқлолияти Давлатӣ ва баракати Ваҳдати миллӣ ватани азизи мо сол то соолл ободтару амнтар, шуда, соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва илмию фарҳангии ҷомеа рушд намуда истодаанд, сатҳи зиндагӣ, худшиносии милливу ҳисси ватанхоҳии мардум торафт болотар  рафта,  Ваҳдати воқеӣ бо мазмуни нав ва фарҳанги созанда ташаккул ёфта истодааст. Имсол мо, фарзандони ин марзу бум, дар фазои озод бо фараҳу шодмонӣ ва бо шукргузорӣ аз рӯзгори навини босаодат 24-умин солгарди Созишномаи истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллиро таҷлил менамоем, ки маҳз аз ҳамон рӯз давраи созандагиву бунёдкорӣ ва Истиқлолияти воқеии Тоҷикистон оғоз меёбад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки Тоҷикистони азизи мо зери роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам тараққӣ карда, ба кишвари пешрафтаю гулгулшукуфон табдил ёфта истодааст.

Аз ин рӯ, зарур мешуморем, ки тамоми мардуми Тоҷикистон ин ганҷи ноёбро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд ва дар роҳи ободию осудагии халқу мамлакат софдилона хизмат намоянд. “Ҳар яки мо вазифадорем, ки Ваҳдати миллиро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ намоем”. Моро лозим аст, ки дар партави ин ҳидояти хирадмандонаи  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳам муттаҳид гардида, таҳти баҳри ободию пешрафт ва гулгулшукуфии  ватани азизамон софдилона меҳнат кунем ва  обрӯю эътибори Тоҷикистони азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ  боз ҳам баланд бардорем.

Аҳмадҷони Саъдулло – мутахассиси шуъбаи рпажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ

Яндекс.Метрика