Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст.
Эмомали Раҳмон
Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат ва умуман ҳастии инсон дар ҳар давру замон ба ҳисоб меравад. Аслан вожаи ваҳдат мазмуни васеъ дошта, бо истиқлолият ва озодӣ ҳамбастагӣ дорад. Вақте ки ваҳдат мегӯем, пеши назарамон якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ягонагӣ ва иттиҳод падид меоянд, ки ин иттиҳоду ҳамбастагӣ ба осонӣ насиби халқи тамаддунофару сулҳпарвари тоҷик нагаштааст: “Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард”. Агар сулҳ, оштиву якдигарфаҳмӣ ва осоиштагӣ мардумро ба ҳисоб равад, пас Ваҳдат ба ҳам омадан, сар аз як гиребон баровардани мардуми миллатдӯст мебошад.
Шоир барҳақ дуруст қайд намудааст:
Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,
Васфи оноро намояд, решаи чону дилам.
Дар миёни қавмхо пайвастагӣ моро аз он,
Даҳр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.
Ваҳдати миллӣ барои мардуми мо ба монанди истиқлолият неъмати бебаҳо ва муқаддас баҳисоб рафта, ҳар як тоҷик бояд ифтихор аз он дошта бошад, ки миллати тоҷик сулҳдӯст, фарҳангпарвар, тамаддунофар ва созандаю бунёдкор мебошад. Тавре, ки Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат қайд намудааст: “Ваҳдат дар сурате бегазанду абадӣ мемонад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодии хеш расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад”.
Ваҳдати миллӣ ин шукуфоии Ватан аст, чунки дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гулгулшукуфон мешавад. Қадру манзалати ваҳдати миллиро ҳар як фарди миллат бояд дарк намояд ва баҳри пойдории он ҳамарӯза амал намояд. “Ваҳдати ҷомеа имконият фароҳам овард, ки халқи Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузорад ва дар кӯтоҳтарин муддат натиҷаҳои назаррасро соҳиб гардад”.
Саҷҷоди М.- сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир