Бузургон сохта намешаванд, балки зода мешаванд!

Вақте, ки Ҳотами Той аз дунё рафт, бародараш хост, ки ҷойи ӯро бигирад. Ҳотам саройе сохта буд, ки ҳафтод дар дошт.
Ҳар касе аз ҳар даре, ки мехост ворид мешуд ва аз ӯ чизе талаб мекард ва Ҳотам иҷро мекард. Бародараш хост, ки дар он макон биншинад ва худро мисли Ҳотам нишон бидиҳад.
МОДАРАШ ГУФТ:
Ту наметавони ҷойи бародаратро бигирӣ, беҳуда худро ба заҳмат маяндоз!
Бародари Ҳотам таваҷҷуҳе накарду рафт.
Модар барои исботи ҳарфаш, либоси кӯҳнае пушид ва ба таври ношинос назди писараш омад ва чизе хост, вақте гирифт аз дари дигаре руҷӯъ кард ва боз чизе талабид.
Бародари Ҳотам гуфт: Ин охирин чизи гирифтаат бошад...
Чун модараш ин бор аз дари саввум боз омад ва чизе талаб кард, бародари Ҳотам бо асабоният ва фарёд гуфт:
Ту ду бор гирифти ва боз ҳам мехоҳӣ?
Аҷаб гадои пуррӯй ҳастӣ!
Модараш чеҳраи худро ошкор карду гуфт:
- Нагуфтам, ки ту Ҳотам шуда наметавонӣ?
Ман як рӯз ҳафтод бор аз бародарат ба ҳамин шакл чизе мехостам ва ӯ ҳар боре бо чеҳраи хандон бароям чизе медод.

БУЗУРГОН СОХТА НАМЕШАВАНД, БАЛКИ ЗОДА МЕШАВАНД!

Таҳиякунандаи мавод : Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика