Ҷашну маросим бо навъҳои гуногунаш як ҷузъи муҳими фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Мардуми тоҷик дар замонҳои қадим низ ҷашну маросим ва анъанаву суннатҳои неки ниёгонро аз нестшавӣ эмин дошта, онро то ба насли имрӯз интиқол додаанд. Бояд гуфт, ки ҷашну маросимҳои тоҷикон дорои ҷиҳатҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ, тарбиявию ахлоқӣ буда, иддае аз онҳо шахсро дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия мекунанд. Яке аз хусусиятҳои аслии ҷашну маросимҳо, ки то замони мо расидаанд, ин ҷанбаҳои тарбиявӣ доштани онҳо дониста мешавад. Инчунин инъикоси ҷашну маросимҳои халқи тоҷикро дар дигар бахшҳои фарҳанг, аз ҷумла дар бозиҳои бачагона метавон мушоҳида кард. Бозтоби бархе аз ҷашну маросимҳои тоҷикон дар бозиҳои суннатӣ ба мисоли арӯсбозӣ, ки онро духтаракон бо такя ба маросими арӯсбиёрони воқеӣ иҷро менамоянд, бешак аз ғанӣ будани фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик гувоҳӣ медиҳад.
Аз қадим бозиҳои суннатӣ як ҷузъи муҳими ҳаёти кӯдакон, хусусан духтаракони хурдсол маҳсуб ёфта, онҳоро аз хурдӣ дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ, донистани расму одатҳои гузаштагон тарбият мекард. Аз ҷумла, онҳо дар рафти бозии худ тамоми ҷузъиёти арӯсбиёрӣ, ҳамсоядорӣ, меҳмондориву меҳмоннавозии мардуми тоҷикро бештар инъикос мекунанд. Духтаракон ин ҳама гуфтаҳоро баъзан дар як бозие, ки ба ҷашну маросим алоқаманд аст, таҷассум мекарданд.
Яке аз чунин бозиҳое, ки бештари вақт наврасон дар рӯзҳои офтобии фаслҳои баҳор ва тобистон ба бозидани он машғул мешуданд, “арӯсбозӣ” ном дорад. Ин бозиро духтарчаҳои наврас асосан дар даруни хона, ҳавлӣ ё боғҳо бо риояи масофа миёни хонаҳои арӯсу домод ба муносибати ҷашни арӯсии навхонадорон то андозае аз тарафи бозингарони наврас намоиш дода мешавад.
Ба роҳ мондани ин қабил бозиҳо барои ҳаёти минбаъдаи кӯдакон, хосса духтаракони наврас аз манфиат холӣ набуда, ин омил баҳри давом ёфтани расму анъанаҳои қадима дар рӯзгори ояндаи онҳо заминаи мусоид мегузорад. Ҳамзамон барои рушди унсурҳои дигари мероси фарҳанги ғайримоддӣ шароит фароҳам оварда мешавад. Зеро танҳо бозиҳои дар айёми наврасӣ бозидаи духтаракон дар зиндагӣ барои онҳо имконияти хуберо ба бор меоварад. Ғайр аз ин бо баҳонаи тақлид машғул шудани кӯдакону наврасон ба ин ё он навъи бозӣ онҳоро аз бозиҳои зараровари телефонию компютерӣ то андозае дур месозад.
Духтаракон дар фаслҳои гармо дар хона ва ё ҳавлии кушод ва дар сармо дар кунҷе аз хонаҳои гарм машғули лӯхтакбозӣ шуда, бо як ҷойи нисбатан хурд ҳатто, хонаҳои ҳамсояҳоро низ тасвир мекарданд. Ба роҳ мондани ин навъ бозиҳо дар миёни хурдсолон ба манфиати кор буда, онҳоро ба зиндагии мустақилона тайёр месозанд. Дар ин росто онҳо аз ҷашну маросимҳои гуногун ва тарзи гузарониданашон огоҳӣ пайдо мекунанд.
Хулоса, бозиҳои бачагона аз ҷумлаи унсурҳои маъмули фарҳангӣ ба шумор рафта, барои тарбият намудани кӯдакону наврасон нақши муассир мебозад. Ҳар як шахси калонсол дар замони хурдсолиаш ба бозидани ягон бозӣ машғул шудааст, ки то ҳол дар хотирааш нақш бастааст. Ба ҳамин далел метавон гуфт, ки барои тарғиби бозиҳои суннатӣ дар байни наврасон нақши калонсолон бениҳоят муҳим аст. Ин гуна ашхос метавонанд фоидаи бозиҳои анъанавӣ ва зарари бозиҳои компютериву телефониро дар миёни хурдсолон таблиғ кунанд. Хуб мешуд, ки, ғайр аз ин тавассути ҳавасмандгардонӣ дар доираи хонаводагӣ, боғча ва мактаб кӯдакону наврасонро то як андоза ба бозиҳои суннатӣ ҷалб намоянд, то онҳо дар руҳияи солим ба воя расанд.
Садуллоев Аҳмадҷон - мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ