Биё то қадри ҳамдигар бидонем!

❗Биё то қадри ҳамдигар бидонем,
Ки то ногаҳ зи ҳамдигар намонем.
Чу муъмин оинай муъмин яқин шуд,
Чаро бо оина мо рӯгаронем?
Каримон ҷон фидои дӯст карданд,
Саги бигзор, мо ҳам мардумонем.
Ғаразҳо тира дорад дӯстиро,
Ғаразҳоро чаро аз дил наронем? Гаҳе хушдил шави аз ман ки мирам,
Чаро мурдапарасту хасми ҷонем?
Чу баъди марг хоҳи ошти кард,
Ҳама умр аз ғамат дар имтиҳонем.
Кунун пиндор мурдам, ошти кун,
Ки дар таслим, мо чун мурдагонем.
Чу бар гӯрам бихоҳи бӯса додан,
Рухамро бӯса деҳ, к-акнун ҳамонем.
Хамуш кун мурдавор, эй дил, зеро Ба ҳасти муттаҳам мо з-ин забонем!
✍️Мавлоно Балхӣ -Румӣ.

PS-https://www.facebook.com/groups/233508744410610/?ref=share.

Яндекс.Метрика