Бо истинод ба сарчашмаҳо ва эътирофи аксари муҳаққиқони осори Берунӣ, ӯро метавон яке аз муаррихон ва асосгузорони илми антропология дар сарзамини Шарқ арзёбӣ намуд.
Ӯ аввалин бор усули муқоисавию таърихии фарҳангҳоро ба роҳ монда буд. Ин усул дар бештари асарҳои машҳури ӯ «Осор-ул-боқия», «Мо-ли-л-Ҳинд» ва «Китоб-ул-ҷамоҳир фи маърифат-ил-ҷавоҳир» ба мушоҳида мерасад. Усули бархӯрди таърихӣ ва илмӣ-табиӣ ба шайъи таҳқиқ аз усулҳои роиҷи усулшиносӣ (методология)-и илмии Берунӣ мебошад.
Дар масъалаи шинохти моҳияти ҷамъият Берунӣ чунин мешуморад, ки сабабҳои пайдоиш ва фаъолияти ҷомеа аз нукоти зер иборат мебошанд:
1) одамон аз рӯйи зарурат, барои бартараф намудани хатар ва таъмини эҳтиёҷоти худ ба ҳам меоянд;
2) одамон дорои қобилиятҳои гуногун мебошанд, як кас наметавонад, ки тамоми қобилиятҳоро дошта бошад ва ё ҳамаи касбҳоро азхуд карда бошад, аз ин рӯ, онҳо ба ҳамдигар эҳтиёҷ доранд, бо ҳам мубодилаи мол ва доду ситад мекунанд, то ки барои таъмини мавҷудияти худ ба ҳам кӯмак карда бошанд;
3) эҳсоси иҷтимоии инсон, тибқи хулосаи таълимоти Берунӣ, дар ниҳояти кор пайдоиши ирсӣ доранд, онҳо, яъне одамон дар тафовут аз дигар ҳайвонот дар танҳоӣ вуҷуд дошта ё фаъолияти амалӣ карда наметавонанд.
Абурайҳони Берунӣ мақоми омили ҷуғрофиёиро низ дар инкишофи тамаддуни инсоният ҳалкунанда мешуморад ва мегӯяд, ки «…тафовути бадани (мардум) аз ҷойи зисти онҳо сарчашма мегирад».
Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ