Дар таърихи 9 –уми марти соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолону намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин масъалаҳои ба дин марбути воқеан ҳам хеле мубрам ва ҳалталаби ҷомеаи имрӯзаро мавриди таҳлил қарор доданд ва аз вазъияти шаклгирифта хеле нигаронӣнамуданд. Пешвои муаззами миллат бори дигар таъкид намуданд, ки ҷанги таҳмилии солҳои 90-ум маҳз аз масҷидҳо оғоз гардида буд. Яъне, дини ислом, мутаассифона, он солҳо аз тарафи қишрҳои ифротии ҷомеа ба василаи коштани тухми ихтилоф ва нооромсозии ҷомеа истифода бурда шуда буд. Имрӯз бошад, иддае аз кишварҳои барои миллати мо ва дини ислом душман баҳри ташкили низою тафриқа боз ҳамон силоҳи идеологии худ – дини исломро истифода бурда, кӯшиш карда истодаанд, ки ҷавонони кишвари моро ба гурӯҳу равияҳои ифротии динӣҷалб созанд, бо сӯиистифода аз ҷаҳолат ва ноогоҳии онҳо дар кишварамон сулҳу осоишро аз байн бурда, низоъҳои динию мазҳабиро роҳандозӣнамоянд. Пӯшида нест, ки ҳамаи ин амалҳо ба хотири даст ёфтан ба боигариҳои фаровони миллӣроҳандозӣкарда мешавад.
Дар баробари мушкилоти мавҷуда Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки имрӯз инчунин як раванди хеле нигароникунандаи дигар дар ҷомеа оғоз гардидааст, ки бешак аз мавқеи зиёди хурофоту таассуби динии мардум гувоҳӣ медиҳад. Аҳли ҷомеа бидуни огоҳии дуруст аз моҳияти ҳаҷва умра тамоми дороии худро сарф намуда, ба Умра рафта истодаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки онҳо дар бораи шартҳои иҷрои Ҳаҷва Умра аз хурдтарин тасаввурот маҳруманд ва ба ин кор даст задани онҳо ба хотири тақлиди дигарон аст. Аксари мардум аз таъмини шароити хуби зиндагӣва ғизои босифат барои фарзандон умраи фарзнабударо авлотар медонанд ва баҳри ин кор ҳатто қарз ҳам мекунанд. Ин ва бисёр падидаҳои дигари ба дин алоқаманд, тибқи андешаҳои Пешвои миллат, аз он гувоҳӣмедиҳанд, ки кор бо мардум дар самти ташаккули маънавиёти солим дуруст ба роҳмонда нашудааст.
Пешвои муаззами миллат хеле воқеъбинона таъкид намуданд, ки яке аз сабабҳои ҳодисаҳои нохуши солҳои 90-ум бетарафӣбуд. Ҳақба ҷониби Пешвои миллат аст. Вақте он солҳоро пеши назар меоварем, мебинем, ки ҳам қисме аз рӯҳониён ва ҳам қисме аз ходимони давлатӣнисбати ба равандҳои дингаройии ифротӣ, ба хусус сиёсисозии ислом бетарафӣзоҳир намуда буданд.
Боиси таассуф аст, ки имрӯз низ дар ҷомеа хурофоту таассуб реша давонда, ифротгаройии динӣҳанӯз мушкилзо боқӣмемонад. Аммо чуноне таҳлили раванду ҳодисаҳо нишон медиҳанд, ҳам ходимони дин ва ҳам зиёиёни кишвар нисбат ба ин равандҳои даҳшатнок ва зиддимиллию зиддидинӣбетарафӣзоҳир менамоянд. Қишрҳои номбурдаро зарур аст, ки вазъи имрӯзаи зиндагӣва фазои орому осуда ва сатҳи ободии кишварро бо солҳои навадум муқоиса намуда, хулосаи зарурӣбароранд. Онҳоро зарур аст, ки пеш аз ҳама аз неъматҳои бебаҳои Ватан, аз сулҳу оромӣ, аз табиати биҳиштосо, аз фазои солими фарҳангӣва равандҳои ободонии кишвар шукргузорӣнамуда, баҳри пешрафту рушди кишвар содиқона меҳнат намоянд.
Дар робита ба моҳияти «бетарафӣ» бояд таъкид намуд, ки «бетарафӣ» низ мавқеъ аст. Аммо ин мавқеъ мавқеи як шахси танбал, бепарво, заиф, дастнигар, нисбат ба ояндаи миллату давлати хеш, аз ин ҷо нисбат ба наслҳои ояндаи худ бепарво аст. Бетарафӣтеша ба решаи худ задан аст. Бетарафӣогоҳона тақдири худро ба аҷнабиҳо супоридан аст. Бетарафӣбоз намудани дарвозаи ғуломист. Чун боре заҳри бетарафиро фарзандони миллат чашиданд, набояд дар ин масъала бетараф буд!
Ходимони дини кишварро зарур аст, ки дастуру пешниҳодҳои Пешвои муаззами миллатро ба роҳбарӣгирифта, ҷанбаҳои ақлгароёна ва таҳаммулпазиронаи таълимоти Имоми Аъзамро ҳар чӣбештар ташвиқу тарғиб намуда, дар пешгирии падидаҳои дингароии таассубию хурофотӣва ифротишавии ҷавонон саҳми назаррас гузоранд. Онҳо набояд фаромӯш намоянд, ки аз таъсири манфии равандҳои номатлуби зикршуда ба худи онҳо низ зарари зиёд расонида мешавад. Ба ҳамон андозае, ки ҷомеа солим бошад, ба ҳамон андоза худи онҳо низ ҳамчун ҷузъи ҷомеа солим хоҳад буд.
Ҳамчунин зиёиёни кишварро зарур аст, ки баҳри ташаккули тафаккури илмии аҳли ҷомеа саъй намуда, баҳри решакан намудани унсурҳои хурофотию таассубии диндорӣаз зеҳни насли ҷавон фаъолияти хешро ба роҳмонанд. Набояд фаромӯш кард, ки муродифи вожаи «зиёӣ» дар забони тоҷикӣ«равшанфикр» аст. Равшанфикрӣҳолати олами маънавии шахс аст, ки бидуни мубориза бо зулмот, торикӣ, ки хурофоту таассуб ва ифротгаройии динӣшаклҳои зуҳуроти он мебошанд, маъно надорад. Ҳар шахсе, ки худро зиёӣё равшанфикр маҳсуб медонад, бояд ба муқобили падидаҳои номатлдуби зикршуда, ки пеши роҳи рушди ҷомеаро мегирад, муборизаи беамон барад.Зиёиёни кишвар набояд фаромӯш намоянд, ки вазифаи аввалиндараҷаи онҳо маҳз ташаккули шахсияти солими орӣаз таассубу хурофот маҳсуб меёбад. Дар ҳолате, ки терроризми байналмилалӣбарои коштани тухми низою тафриқа бо истифода аз дин маблағҳои зиёд ҷудо мекеунад ва дар ин самт фаъолият менамояд, бетараф будани зиёӣхиёнат ба Ватан маҳсуб меёбад. Бе шак, бар ивази арзишҳои сохтаи динӣқурбон намудани арзишҳои миллӣхиёнати гушношунид ва нобахшиданӣдар назди халқу Ватан хоҳад буд. Аз ин рӯ, ҳар фарди бофарҳанг ва миллатдӯсти кишварро зарур аст, ки барои таъмини фазои осудаи кишвар ва тарбияи солими фарзандони миллат саҳмгузор бошад.
Абдухалилзода К.А.
Баҳромбеков Д.