
Имом Абуҳанифа яке аз бузургтарин фақеҳони ҷаҳони ислом аст, ки то ҳол қисмати зиёди мусалмонҳоро пайравони эшонанд. Имом он масъалаҳоеро мавриди омӯзиш қарор додааст, ки дар замони эшон ба вуқӯъ напайваста буданд ва эҳтимоли ба вуқӯъ пайвастани онҳо буд ва сарчашмаву аҳкоми ин масъалаҳоро баён намудааст. Имом Муҳаммад масъалаҳои ҷузъии бисёреро аз Имом Абуҳанифа (р) нақл намудааст. Агар дар ин масъалаҳо андеша намуда ,асрорашро ҷустуҷӯй намоӣ, онҳоро бо тафсилоти муҳкам дармеёбӣ, зеро онҳо бар асоси усул ва қоидаҳои истинбот устуворанд. Таърихи фиқҳ баён накардааст, ки ин қоидаҳо бо санад аз Абуҳанифа (р) ривоят шуда бошанд, лекин Абуҳанифа (р) бешубҳа қоидаҳои мӯътабаре барои ҳалли масъалаҳои ҷузъӣ дошт, ки дар асоси онҳо масъалаҳоро ҳал менамуд.
Дар китобҳои мутааххирин усулҳои муфассале мавҷудаст, ки бар асоси онҳо фиқҳи ҳанафӣ масъалаҳоро истинбот (хулосабарорӣ) мекунад. Дар мавриди ин усулҳо баъзе ихтилофот байни пешвоёни ин мазҳаб зикр шудааст. Аз ҷумла ба ин гуна, ки ин усули Абӯҳнифа (р) ва усули шогирдону пайравони ӯ аст. Лекин Деҳлавӣ дар китобаш «ал- Инсоф фи баёни асбоб ал- ихтилоф» гуфтааст: «Бидон, ки бештари онҳо гумон доранд, асоси ихтилоф байни Абуҳанифа ва Шофеӣ ҳамон усуле мебошад, ки дар китоби Баздавӣ ва дигарон зикр шудааст. Аммо ҳақ он аст, ки аксари он усулҳо суханони ҳамон донишмандон аст. Ба назари банда масъалае, ки хос баёнкунанда асту баёнро намепазирад, зиёдат насх буда, масъалаи ом мисли хос қатъист ва ба зиёд будани ривоятҳо тарҷеҳ намешаваду ба ҳадиси ғайри фиқҳ он гоҳ амал кардан воҷиб нест, ки дари раъй пӯшида бошад. Ин усулҳо аз суханони донишмандони ҳанафианд, на аз усулҳои Абуҳанифа (р) ва шогирдонаш.
Деҳлавӣ ин суханашро дар китоби « Ҳуҷҷат-ул- Лоҳ ал- болиға» такрор намуда, далел меорад, ки усули амал накардан бо ҳадисе, ки ровиаш ғайри фақеҳ аст дар сурати мухолифи қиёс будан ё пӯшида будани дари иҷтиҳод бинобар таъбири Деҳлавӣ, ин ду қоида аз Абуҳанифа (р) ва шогирдонаш нест. Деҳлавӣ мегӯяд: «Дар ин боб сухани муҳаққиқон дар масъалаи воҷиб набудани амал ба ҳадиси ровиёне, ки ба забту адолат машҳуранд, вале фақеҳ нестанд, дар сурате , ки дари иҷтиҳод баста бошад, монанди ҳадиси мусаррот, далели кофист. Ин мазҳаби Исо ибни Абон буда, бисёри донишмандон онро ихтиёр намудаанд. Аз ҷумла Кархӣ ва дигар уламо фақеҳ будани ровиро шарт намедонистанд, зеро ҳадис муқаддам бар қиёс аст. Оё намебинӣ, ки онҳо ба ҳадиси Абуҳурайра (р) дар масъалаи рӯзадоре, ки ба фаромӯшӣ хурда ё ошомидааст, амал карданд, агар чанде ин ҳадис мухолифи қиёс аст, ҳатто Абуҳанифа (р) гуфтааст: «Агар ҳадис намешуд, ба қиёс амал мекардам».
Ин сухан бешак далолат мекунад, ки усули мазҳаби ҳанафӣ ё усуле, ки пешвоён масоилро бар асоси он баррасӣ карданд, аз эҷоди Имом ва шогирдонаш нест, балки ин усулро донишмандоне, ки баъди асри Имом ва шогирдонаш омадаанд, бар асоси истинботи қоидаҳо масъалаҳои фаръии мазҳабро поягузорӣ намудаанд. Пас ин усул баъди масъалаҳои фаръӣ поягузорӣ шудааст.
Бо вуҷуди он ки, донишмандони баъдӣ ин усулҳоро поягузорӣ намудаанд, лозим аст се нуқтаро ин ҷо ишорат намуд:
Аввал. Агарчӣ аз Абуҳанифа (р) ягон ривояте дар бораи усули муфассали аҳком ворид нашуда бошад ҳам, Имом (р) ҳатман масъалаҳоро бар асоси усулу қоидаҳое истинбот намудааст. Агарчӣ усули аҳкому масъалаҳои фаръиро худи Имом (р) дар китобе навишта набошад ҳам, вале ҳангоми андеша ба масъалаҳои истинботнашудаи Имом маълум мешавад, ки усулу қоидаҳоро дар истинботи аҳком риоя намудааст. Навишта нашудани усул аз ҷониби худи Имом (р) маънои онро надорад, ки усуле надошт, зеро масъалаҳои фаръиро низ Имом (р) нанавиштааст, балки шогирдонаш онҳоро ривоят намудаанд ва андаке аз масъалаҳои ӯро нақл карданд. Он чуноне, ки Абуюсуф (р) дар китобҳояш хилофи Абуҳанифаро (р) бо дигарон зикр мекунад, мисли ихтилофи Имом бо Ибни Абулайло (р) ё рад бар Имом Авзоӣ ва ғайра. Бештари китобҳои Муҳаммад (р) масъалаҳои ҳалнамудаи Имомро нақл кардааст, вале сабабҳояшро намеорад.
Дуюм. Донишмандоне мисли Баздавӣ ва дигарон, ки усули навишташударо истинботнамудаан, онро аз суханони пешвоён ва масъалаҳои фаръии нақлшуда ҷустҷӯ мекарданд, хусусан он гоҳ, ки ин қоидаҳоро ба имомон нисбат медоданд ва гоҳо масъалаҳоеро зикр мекарданд, ки барои дуруст будани нисбаташон ба ин қоида далолат менамуданд. Агар масъалаеро дар мавриди он қоида аз имомон зикр намекарданд, раъйи ягон донишманди ҳанафиро мисли Кархӣ баён мекарданд ва бештар ин ҳолат дар масъалаҳои назарӣ дида мешуд. Ба ин хотир усули ҳанафиро ду тақсим кардан мумкинаст. Якеро нисбат ба аимма медиҳанд, чунки ин қоидаҳоро ҳангоми истинботи масъалаҳо мулоҳиза намудаанд. Дар ин маврид масоилеро зикр мекарданд, ки ба дурустии ин қоида далолат менамуд. Қисми дуюм фикрҳои фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ аст, мисли раъйи Исо ибни Аббон дар масъалаи ривояти як нафари ғайрифақеҳ, ҳар гоҳ мухолифи қиёс бошад.
Қисми аввалро ҳангоми омӯзиши тафсилии усули афкори Абуҳанифа (р) аҳмият бояд дод. Ва мо андозаи дурустии ин қоидаҳоро дар вақти омӯзиши масъалаҳо муайян мекунем. Ва назди мо китобҳое, ки ин масъалаҳоро баррасӣ мекунад, вуҷуд дорад. Асоси ин китобҳо усули «Фахр ал- ислом» Баздавӣ аст, ки дар ин масъала мукаммалтар аз онро наёфтем.
Сеюм. Агар чанде аз Абуҳанифа (р) ягон ривояте дар бораи қоидаҳои тафсилӣ ворид нашуда бошад ҳам, қоидаҳои умумӣ ворид шудааст. Нависандагони маноқиби Имом ва касоне, ки сарчашмаҳои фиқҳи ӯро зикр кардаанд, суханони ӯро дар ин боб ба шакли фишурда баён намудаанд, агарчи тафсилоти бештаре надодаанд. Бешак, ҳангоми омӯзиши усуле, ки бар асоси он истинботи масъалаҳоро намудааст, Имом ба ин қоидаҳои зикршуда таваҷҷӯҳ кардааст.
Исоев Насим – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ