
Забони тоҷикӣ дар густариши тамаддуни исломӣ ҷойгоҳи хос дошта, дар тамоми сарчашмаҳои исломӣ аз китоби Худою аҳодиси паёмбари Ислом то осори гаронарзиши динию фалсафӣ ҳамагӣ фарогири калимоту иборот ва ҳатто матни пурраи ин осор бо забони тоҷикӣ китобат шудаанд. Аз аввалин сарчашмаҳои мӯътамади исломӣ, ки дар он вожаҳои тоҷикӣ ба чашм мерасад, ин Қуръони карим аст, ки дар пояи он дигар маохизи динӣ ва баъзе осори адабӣ, аз қабили "Маснавии маънавӣ"-и Ҷалолиддини Балхӣ, таърихӣ "Таърихи Табарӣ"-и Муҳаммад Ҷарири Табарӣ ва ғайраҳо ба таълиф расидаанд. Қуръон то имрӯз ҳамчун дастурамали ҳаёти иҷтимоии ҳар як мусулмон корбаст мегардад ва мавриди пажӯҳиши донишмандони тамоми соҳаҳо қарор гирифтааст. Новобаста аз эътиқод ва пайравӣ аз дини Ислом Қуръон борҳо мавриди пажӯҳиши муҳаққиқони ватанию хориҷӣ қарор гирифтааст.
Ин ҷо мехостем чанд нуктае аз калимаҳои тоҷикии Қуръони карим сухан гуфта бошем, ки албатта назари донишмандон дар ин маврид гуногун аст. Дар ҳоле, ки дар асоси баъзе оятҳои Қуръони карим, ин китоби муқаддас танҳо бо забони арабӣ нозил шудааст, чун ояти дуюми сураи Юсуф: "Мо Қуръонро бо забони арабӣ нозил кардем, бошад, ки шумо дарёбед". Вобаста ба ин донишмандон ба се гурӯҳ тақсим шудаанд: Иддае аз далели болозикр қотеона тарафдорӣ намуда, бар он андешаанд, ки дар Қуръони карим ягон вожаи ғайри арабӣ вуҷуд надорад. Гурӯҳи дигар, ки аксаран шарқшиносон мебошанд, ба вуҷуд доштани калимаҳои ғайриарабӣ дар он таъкид намуда, бепоя будани оятҳоро дар ин маврид зикр намудаанд. Гурӯҳи сеюм шахсони нисбатан муъдадил буда, бар он боваранд, ки Қуръон бо забони арабӣ нозил шудааст, аммо забони арабӣ низ монанди забонҳои дигар аз вожаҳои иқтибосӣ бой аст ва истифодаи вожаи иқтибосие, ки дар миёни мардум роиҷ аст, албатта ба вуҷуд доштани калимаҳои ғайриарабии Қуръон ҳеҷ рабте дошта наметавонанд. Агар мисол биёрем, зиёда аз 30 фоизи вожаҳои забони тоҷикиро калимаҳои арабӣ ташкил медиҳанд ва вақте мо аз дилхоҳ калимаи арабӣ дар навиштан ё гуфтор истифода мекунем, ин бар маънои аз забони арабӣ истифода кардани мо далолат намекунад. Мо низ бар он боварем, ки Қуръон бо забони арабӣ нозил шудааст ва он оятҳое, ки фарогири чунин иқтибосотанд, истифодаи онҳо дар ин маврид дурустанд ва ба назар чунин менамояд, ки вожаҳои иқтибосӣ ҳусни баёни Қуръонро зеботару равшантар сохтаанд. Дар умум забоне, ҳатто асаре вуҷуд надорад, ки дар он калимаҳои иқтибосӣ дида нашавад. Фирдавсии бузург бисёр талошҳои беандоза кашидааст, то "Шоҳнома"-и безаволашро орӣ аз калимаҳои иқтибосӣ нависад, аммо боз ҳам донишмандон бар он назаранд, ки дар он 2 ё 3 фоиз калимаҳои арабӣ вуҷуд доранд. Чун ниёгони мо дар ҳамсоягии арабҳо мезистанд ва ҳукумати бузурги Сосониён бо онҳо робитаҳои зиёд дошт, иддае аз калимаҳои тоҷикӣ ба забони арабӣ иқтибос шудаанд ва чун корбурди зиёд доштанд ва дар забони мардум роиҷ буданд, баъзеи онҳоро дар Қуръони карим низ мушоҳида кардан мумкин аст.
Маврид ба зикр аст, ки истифодаи вожаҳои забони тоҷикӣ дар Қуръони карим аз тарафи донишмандони риштаи забоншиносӣ борҳо рӯи кор баромадааст. Ин ҷо нуктаи асосӣ ба саҳми забони тоҷикӣ дар густариши тамаддуни исломӣ равона мегардад. Вожагоне, ки аз забони форсии тоҷикӣ ба забони арабӣ гузаштаанд, "муъраб" ё "таъриб" ном бурда мешавад, ки дар онҳо ё гӯйш тағйир ёфтааст ва ё яке аз чор ҳарфи хоси забони тоҷикӣ, ба монанди "п", "г", "ч" ва "ж". Дар масъалаи теъдоди вожагони форсии тоҷикӣ дар Қуръони карим байни донишмандон ихтилофи назар аст. Артур Ҷефрӣ устоди донишгоҳи Калумбияи Амрико теъдоди ин калимотро ба 21 адад медонад. Забоншиноси араб ас-Суютӣ дар "ал-Итқон" 18 калимаи китоби муқаддасро форсӣ-тоҷикӣ гуфтааст. Ҷаволиқӣ дар "ал-Муъраб" калимоти форсӣ-тоҷикии Қуръонро ба 13 адад ишора кардааст. Ибни Аббос дар китоби "ал-Луғот фӣ-л-Қуръон" 2 вожаи ин китоби муқаддасро форсӣ-тоҷикӣ донистааст.
Зимнан бояд гуфт, ки калимаҳои тоҷикӣ, ки дар Қуръони карим дида мешаванд, бо тағйири фонетикию морфологӣ шакли арабӣ гирифтаанд, аммо решаи аслиашон тоҷикист, ба монанди:
1. (ابریق/اباریق) - ин калима дар Қуръони карим як бор дар сураи Воқиъа ояти 18 ба кор рафтааст: " بِأَکْوَابٍ وَأَبَارِیقَ وَکَأْسٍ مِّن مَّعِینٍ " (Бо пиёлаҳову ибриқҳову ҷомҳо [и пур] аз шароби ҷорӣ). Муҳаққиқон чун Суютӣ [5, 33; 4, 129], Артур Ҷефрӣ [2, 101-102], Аддай Шер [1, 6] ва ғ. ин калимаро муъраби "обреғ" ва "обрез" медонанд.
2. (استبرق) - тибқи пажӯҳиши забоншиносон ин вожа дар Қуръони карим 4 маротиба баён ёфтааст, аз ҷумла, дар сураи Каҳф ояти 31, ки аз муъраби استبر» (истабр) [ ستبر]- ситабр» ба маънои "дебоҷи ғализ" медонанд [3, 25; 4, 130; 5, 393, 10].
3. (برزخ) - ин калима дар китоби Худо 3 маротиба, аз ҷумла дар сураи Муъминин ояти 100 ба кор рафта, забоншиносон онро муъраби "парзак" [1, 8], "барзах", "фарсах", "фарсанг" [2, 139] донистаанд.
4. (برهان) - дар Қуръони карим 8 бор ба кор рафтааст, аз ҷумла дар сураи Нисо ояти 174, ки маънии он ҳуҷҷат, далел, равшан, ошкоро аст [1, 21].
5. (تَنُّور) - ин вожа ду маротиба дар китоби Худо ба кор рафта, Ҷаволиқӣ, Саъолабӣ, Ибни Дурайд ва дигарон форсии муъраб донистаанд [3, 184; 4, 131; 5, 50]. Дар сураҳои Ҳуд-40 ва Муъминин-27 омадааст.
6. (جُناح) - дар каломи Худо 25 маротиба ба кор рафтааст, аз ҷумла дар сураи Бақара ояти 158, ки муъраби "гуноҳ" аст [1, 45; 2, 169-170].
7. (روضة) - ин вожа як маротиба дар сураи Рум ояти15 ва дар шакли ҷамъ дар сураи Шӯро-22 ба кор рафтааст, ки Артур Ҷефрӣ муъраби "рӯд" донистааст [2, 226-227].
8. (زبانیة) - ин вожа дар сураи Алақ ояти 18 зикр ёфтааст, ба назари Аддай Шер шумораи танҳои "забонӣ" буда, маънои "ҷаҳаннам"-ро дорад ва мансуб ба забонаи форсӣ-тоҷикист [1, 77].
9. (زرابی) - як маротиба дар сураи Ғошия ояти 16 ба маънои "бисотҳои густурда" ба кор рафтааст, ки Аддай Шер онро муъраби "зароб" ба маънои "фаршҳои муҷалал" медонад [1, 77] ва бархе аз луғатшиносони дигар ин вожаро муъраби "зери по"-и форсии аз паҳлавӣ гирифташуда донистаанд [2, 233].
10. (زمهریر) - ин калима дар китоби Худо як бор дар сураи Инсон ояти 13 ба маънои "сармои тунд (сахт)" омадааст. Аддай Шер ин вожаро таъриби "зам-сармо, ҳарир-муҷиб", яъне сармои сахт гуфтааст [1, 79]. Муҳаммад Алӣ Имом Шуштарӣ низ назари Аддай Шерро таъйид карда, мегӯяд вожаи "зам" дар луғоти форсӣ ба маънои "зимистон" бисёр ба кор рафтааст [6, 320].
11. (سِجیل) - дар Қуръони карим се маротиба , аз ҷумла дар сураи Ҳуд ояти 82 ва сураи Фил ояти 4 ба кор рафтааст. Забоншиноси араб ас-Суютӣ ин вожаро муъраб аз "сангу гил" гуфта [4, 134; 5, 69], донишмандони дигар аз қабили Ҷаволиқӣ, Артур Ҷефрӣ, Алӣ Ашраф Содиқӣ низ бар ин назари Суютӣ мувофиқанд, яъне سِجیل (сиҷҷил) аз вожаи тоҷикӣ-форсии "сангу гил" аст [2, 252; 3, 181].
12. (سراج) - чор маротиба дар китоби муқаддас ба кор рафта, аз ҷумла дар сураи Фурқон ояти 61 ба маънои "чароғ, [яъне офтоб]" дида мешавад. Муъраб будани ин вожа дар таҳқиқоти Ҷаволиқӣ, Ибни Манзур, Фирузободӣ ба назар намерасад. Вале Аддай Шер ва Артур Ҷефрӣ онро муъраби "чароғ" баргирифта аз луғоти оромӣ ва сурёнӣ донистаанд, ки боз ҳам ин вожа ба забони форсии қадим бар мегардад [1, 89; 2, 254].
13. (غمزه) - дар Қуръони карим муштақи ин калима "یتغامزون " дар сураи Мутаффифин ояти 30 ба кор рафтааст. Аддай Шер онро муъраби форсӣ дониста, ишораи хос ба чашму абру гуфтааст [1, 116] ва ин назари ӯро Имом Шуштарӣ низ таъйид кардааст [6, 481].
14. (فیل) - ин калима як маротиба дар сураи Фил ояти 1 зикр гардидааст, ки Аддай Шер ва Имом Шуштарӣ онро муъраби форсии "пил" донистаанд [1, 123; 6, 510-511].
15. (کأس) - шаш маротиба дар китоби муқаддаси мусулмонҳо ба кор рафтааст, аз ҷумла дар сураи Соффот ояти 45. Аддай Шер ин калимаро муъраби "қадҳ, яъне косаи форсӣ" донистааст [1, 131]. Артур Ҷефрӣ мегӯяд: Камтарин шаке вуҷуд надорад, ки асли ин вожа оромӣ аст...Ба назар меояд, ки маншаи "коса"-и форсии сурёнӣ бошад [2, 355].
16. (کنز) - ин калима дар Қуръони карим чор маротиба, ду маротиба шакли ҷамъи арабии он, яъне ба сурати "کنوز" ва се бори дигар ба сурати феъл баён ёфтааст, аз ҷумла дар сураи Ҳуд ояти 12. Ҷаволиқӣ ин калимаро форсии муъраб донистааст [3, 297]. Ас-Суютӣ низ гуфтаи Ҷаволиқиро дуруст ҳисобидааст [4, 138; 5, 116]. Артур Ҷефрӣ дидгоҳи Ҷаволиқӣ, Саолабӣ, Хаффоҷӣ ва дигаронро нисбати баргирифташудани ин вожа аз форсиро саҳеҳ дониста, позанди онро "ганз" ва паҳлавиашро "ганҷ" гуфтааст [2, 362-363].
17. (مجوس) - як маротиба дар сураи Ҳаҷ ояти 17 ба кор рафтааст. Ҷаволиқӣ ин вожаро аҷамӣ донистааст [3, 320]. Муҳаммад Алӣ Имом Шуштарӣ мегӯяд: "Маҷусӣ-зардуштӣ: аз ин вожа дар забони арабӣ феъл низ сохтаанд, ба монанди "تمجّس", яъне зардуштӣ шуд ё "مجسمه ", ӯро зардуштӣ хонд". Артур Ҷефрӣ мегӯяд: Равшан аст, ки ин вожаи "магуш"-и форсии бостон аст [2, 374].
18. (مرجان) - ин калима дар Қуръони карим ду бор дар сураи Раҳмон оятҳои 22 ва 58 зикр гардидааст. Ҷаволиқӣ ин калимаро аз назари баъзе донишмандон аҷамӣ [форсӣ]-и муъраб донистааст [3, 329].
Дар умум, забони тоҷикӣ дар тӯли таърих нуфузи зиёде дар минтақа дошт. Аз он ки аз замонҳои қадим хоссатан дар замони Сосониён робитаҳои дуҷонибаи ниёгони мо бо арабҳо зиёд рушд намуда буд, мардуми араб баъзе калимаҳои паҳлавӣ ва баъдан калимаҳои форсӣ-тоҷикиро истифода мебурданд. Аз ин рӯ, дар китоби Қуръон низ баъзе калимаҳои форсӣ-тоҷикиро мушоҳида кардан мумкин аст. Дар қуръоншиносӣ маълум аст, ки ин китоб бо ҳафт лаҳҷаи машҳури забони арабӣ ба хотири он ки оммаи мардум бифаҳманд, нозил шудааст. Забони форсӣ-тоҷикӣ низ дар минтақае, ки Қуръон нозил шудааст, аз нуфузи вижае бархурдор будааст.
Гарчӣ ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,
Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.
Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ
Рӯйхати адабиёт:
.204 ص. بيروت، 1988.الالفاظ الفارسیة المعربة . ادی شیر.1
واژه های دخیل. تهران، 1386ش. 455 ص. .آرتور جفری .2
المعرب من الكلام الاعجمى على حروف المعجم. لبسيا، 1867. 268 ص..أبو منصور الجواليقي .3
اتقان. بيروت، 1395 ه. 658 ص. .جلال الدين عبد الرحمن بن ابي بكر سيوطي .4
المهذب فيما وقع في القران من المعرب. الامارات العربية. جلال الدين عبد الرحمن بن ابي بكر سيوطي.5 المتحدة، 1971 ه. 282 ص.
. محمد علی امام شوشتری. فرهنگ واژه های فارسی در زبان عربی. تهران،1347 ش .608 ص. 6
Одинаева Шарифамо - сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ