Бардоштҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

Ҳифзи некуаҳолии мардум, ҳадафи афзалиятноки сиёсати давлат
 
Чун ҳамасола имсол низ мардуми кишвар Паёми навбатии Президенти худро бесаброна интизор буданд, чунки дар ин ҳамоиш бурду бохти соли сипаришуда бо таҳлилҳои аниқ садо дода, нақшаҳои нав барои соли 2024 пешниҳод мегардад. Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  ба 28-уми декабри соли 2023 рост омад, ҳама паҳлуҳои сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ва пешрафти соҳаҳои илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, занон, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ, иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартиботро мавриди таҳлили амиқ қарор дода шуд. Президенти кишвар соли 2023-ро барои Тоҷикистон бо ҳама мушкилоти мураккаби авзои сиёсии ҷаҳон, хушксолии бесобиқа ва оқибатҳои ногувори он барои аҳли заҳмати кишвар соли бобарор арзёбӣ намуд. Зикр гардид, ки дар ҳама самтҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои чашмрас ба даст омада, маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз афзоиш ёфта, он ба 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. 
 
Роҳбари давлат аз рузҳои аввали Истиқлоли кишвар ба масъалаи коҳиш додани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ва боло бурдани сатҳи некуаҳолии мардум пайваста талошҳои зиёд намуд. Бо иқдоми Пешвои миллат наздики 17 сол муқаддам, 8-июни соли 2007 қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандон равона шуда буд. Ҳамон солҳо зиёда аз 80 фоизи аҳолӣ дар шароити фақру нодорӣ қарор доштанд, ба ин нигоҳ накарда дар баргузории маъракаҳои хурсандӣ ва азодорӣ ба зиёдаравию исрофкорӣ даст мезаданд. Хушбахтона бо андешидани як қатор чораҳои судманд ва қабули қонуни зикршуда, аз  ҷониби Ҳукумати кишвар, сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ба таври назаррас боло рафта, дар соли 2023 ба 20 фоиз коҳиш ёфт, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат садо дод. Бо мақсади минбаъд идома бахшидан ба ин раванд, роҳбари давлат ба Ҳукумати кишвар дастур доданд, ки дар ҳафт соли баъдӣ то ба даҳ фоиз коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ чораҳои мушаххас андешанд.
 
Дар давраи начандон тулонӣ амалишавии се стратегияи миллӣ: а) аз бунбасти комуникатсионӣ баровардани кишвар, б) таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа, в) расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва руи кор гирифтани ҳадафи чорум, саноатикунонии кишвар, бешубҳа шоҳроҳест ба кишвари рушдёфта табдил додани кишвар ва бунёди зиндагии шоиста барои ҳар фарди кишвар. Қадам ба қадам расидан ба ин ҳадафҳои нек масъалаи меҳварии сиёсати раъиятпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, сарҷамъии сокинони кишвар, сулҳи пойдор ва якдилии сокинони он омили ягона барои амалишавии ин ниятҳои нек маҳсуб меёбад.
 
 
А. Мирзозода
Яндекс.Метрика