
6 - уми июли соли равон ҷаласаи ҳайати мушовараи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа директори Марказ Холиқзода Абдураҳим, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинашоҳ Вализода, аъзоёни ҳайати мушовараи Марказ, сардорони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказии Марказ, иштирок намуданд. Дар ҷаласаи ҳайати мушовара натиҷаҳои фаъолияти Марказ дар шаш моҳи аввали соли 2023 ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вобаста ба масъалаи якум гузориши Котиби илмӣ дар шаш моҳи аввали соли 2023 ва амалишавии талаботи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ шунида шуда, аз ҷониби Ҳайати мушовара мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.
Дар фарҷоми ҷаласа директори Марказ Холиқзода Абдураҳим ба кормандони соҳа барои боз ҳам тақвият бахшидани фаъолият дар ҳамаи самтҳо, хусусан дар самти татбиқи босамари қонунҳои соҳавӣ, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалисозии Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи исломшиносӣ, стратегияҳои миллӣ ва барномаҳои давлатӣ дастур дод.
Абдуллоҳи Қодирӣ