АХЛОҚИ ҲАМИДА ВАСИЛАИ ПЕШГИРИИ ҶАҲОЛАТ ВА ХУРОФОТ(дар партави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”)

“Сухан санҷида гўй, то дўстро душман нагардонӣ!”. Оре, ҳақ ба ҷониби шоир аст. Бешак, сухан аслиҳаест, ки метавонад дар вуҷуди инсон таҳаввулоти бузургеро ба вуҷуд оварад. Кишварҳоро обод созад ё ба вайрона табдил диҳад. Дар мақолаи мазкур таълимоти бузургонро дар мавриди ахлоқи ҳамида ва одоби сухан манзури хонанда месозем, то барои ҷавонон панду андарзе бошад. Зеро маҳз ахлоқи ҳамида мардумро ба сўйи саодат раҳсипор намуда, аз ҷаҳолат ва хурофот боз медорад.   
 
Ахлоқи ҳамида дар Қуръони карим:       
     فَتَبَيَّنُوا:          1  ▪︎ Қабл аз ин ки сухане гуед, аҳли таҳқиқ ва баррасӣ бошед, хуб дар бораи он таҳқиқ кунед.  “Эй мӯъминон, агар фосиқе хабареро пеши шумо биёрад, пас, таҳқиқ кунед, мабодо ба нодонӣ қавмеро зарар расонед, пас, аз он чи амал кардаед, пушаймон шавед!”. Сураи Ҳуҷурот, ояти 6.
   فَأَصْلِحوُا:         2   ▪︎ Агар байни дӯстон ва ошноён кудурате пайдо шавад, миёни онҳо сулҳу созиш пайдо кунед ва худ низ аҳли сулҳу созиш бошед. “ Ва агар ду гурӯҳ аз мӯъминон бо якдигар ҷанг кунанд, пас, миёни онҳо сулҳ кунед”. Сураи Ҳуҷурот, ояти 9.
   وَأَقْسِطُوا:         3   ▪︎ Одил бошед ва бар асоси ҳақ қазоват кунед ва дар иҷрои ҳаққ миёни дӯсту бегона фарқе нагузоред “Ва агар бозгашт кунад, миёни онҳо сулҳ кунед - ба инсоф; ва адл кунед; ба дурустӣ ки Худо адлкунандагонро дӯст медорад”! Сураи Ҳуҷрот, ояти 9.
   لَا يَسْخَرا:        4  ▪︎ Дигаронро масхара накунед. Мардум ва қавмҳои гуногунро ба тамассхур нагиред. “Эй мӯъминон, гурӯҳе бо гурӯҳе тамасхур накунад, эҳтимол аст, ки он гурӯҳ аз онҳо беҳтар бошад.” Сураи Ҳуҷурот, ояти 11.
   وَلَا تَلْمِزُوا:       5      ▪ Ба дигарон таъна назанед ва аз онҳо айбҷӯӣ накунед. “Ва дар миёни хеш айбҷӯӣ макунед ва бо лақабҳои бад якдигарро махонед”. Сураи Ҳуҷурот, ояти 11.
   وَلَا تَنَابَزُوا بِالْأَلْقَاب:   6  ▪︎ Лақабҳои зишт ва нописанд ба якдигар нагузоред ва аз ин ки якдигарро бо лақабҳои зишт садо мекунед, шаддидан парҳез намоед. “Бо лақабҳои бад якдигарро махонед!” Сураи Ҳуҷурот, ояти 11.
   اِجْتَنِبُوا كَثِيرًا مِنَ الظَّنِّ:  7 ▪︎ Аз бисёрии гумонҳо дурӣ ҷуед. Ҳамчунин, аз гумони бад дар мавриди дигарон ба шиддат бипарҳезед. “Эй мӯъминон, аз гумони бисёр дурӣ ҷӯед, ҳароина баъзе аз гумонҳо гуноҳ аст”. Сураи Ҳуҷурот, ояти 12.
   وَلَا تَجَسَّسُوا:       8  ▪︎ Ва аҳли ҷосусӣ ва пардабардорӣ набошед ва ба кору зиндагии дигарон дахолат накунед. “Ҷосусӣ макунед”. Сураи Ҳуҷурот, ояти 12.
   وَلَا يَغْتَب:        9    ▪︎ Аҳли ғайбат аз пушти дигарон набошед ва маҷлисеро, ки дар он ғайбати касе меравад, тарк намоед.  “Якдигарро ғайбат макунед! Оё касе аз шумо дӯст медорад, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯрад? Балки аз вай нафрат хоҳед кард. Ва аз Худо битарсед, ба дурустӣ ки Худо Тавбапазирандаи Меҳрубон аст!” Сураи Ҳуҷурот, ояти 12.
 
Акнун ин ояҳоро бо панду андарз ва ашъори орифонаи бузургон маънидод мекунем:
    فَتَبَيَّنُوا:  1 - “Эй мӯъминон, агар фосиқе хабареро пеши шумо биёрад, пас, таҳқиқ кунед, мабодо ба нодонӣ қавмеро зарар расонед, пас, аз он чи амал кардаед, пушаймон шавед!”. Сураи Ҳуҷурот, ояти 6.
 
Сухан ганҷинаи бузургест, ки баробари аз забон падид омаданаш чун дурри гарон ва ҷилобахш  шунавандаро ба худ ҷалб менамояд. Хоҳ ин сухан ҷолиб бошад, хоҳ не. Сухан тиреро мемонад, ки баробари аз камон ҷастан метавонад касеро ё чизеро ҳалок созад. Сухан нӯшдорӯеро мемонад, ки беморонро қуввату мадор, ҳастию тавон ва нерӯю ҷон ва солимонро ақлу ҳӯш ва заковату ибрат мебахшад. 
 
Дар ин маврид бузургон гуфтаанд:
 
Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст,
Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст.
 
Сухан аст, ки ҳаёт пойдор аст. Сухан аст, ки кас ҳушдор аст. Сухан аст, ки аблаҳонро оқилу оқилонро аллома мегардонад. Сухан ҷавҳари хираду сирати гӯяндаро таҷассумгар аст, зеро тавассути сухангӯии кас доираи васеи фикронии гӯянда маълум мегардад.
 
Аз инҷост, ки сухан метавонад бо мазмуни баланду шуниданиаш иттифоқро барпо созад ё метавонад иттифоқи бунёду бузургро пароканда созад. Як сухани хуб таҷассумгари сад роз аст ва гӯяндаи он иброзкунандаи розҳои бузургу ҷолиб. На ҳар сухан метавонад писанди шунавандаи оқилу фарзона бигардад. Сухан метавонад аблаҳеро аз кори носазое дур гардонад. На ҳар сухангӯй метавонад дили хуфтаро бедор ва ақли хастаро ҳушёр созад.     
Бузурге гуфта:
 
«Эй инсон! Сухане гӯй, ки маъшуқаҳо Лайлӣ шаванду ошиқон Маҷнун, ақлҳои хуфта бедор шаванду дилҳои мурда ҷондор. Сухане гӯй, ки таҷассумгари некӣ бошад. Одамонро якҷо кунад, на ҷудо, ба зиндагӣ фаро хонад, на ба марг. Сухане гӯй, ки болу пари Симурғ дошта бошаду макону замонҳоро тай кунад. Сухане гӯй, ки қудрати Илоҳӣ дошта бошаду хирадро дил ва дилро хирад созад. Ҷоно, агар ин ҳамаро натавонӣ, хомӯш бош ва ҳарфе мазан».
 
                        Ҳама кӯшанд ба ибрози яке маъние,
                        Маьнӣ овар ба сухан, в-арна ҳама барбод аст.
 
Каломи инсоният беҳтарин ва қимматтарин алфози нуҳуфтаи ӯст. Агар он пуробуранг, бамаврид, дилчасп ва таъсирбахш садо диҳад, гӯяндаашро машҳур мегардонад. Сухани беҷою бемаврид бошад, дилхарош аст. Сухани дурушту ноҷо метавонад наздикону пайвандони ба дилу ҷонро рӯйгардон созад.  
                      Ё сухан орой чун марди баҳуш, 
                      Ё бинишин ҳамчу баҳоим хамуш.
Чӣ чиз беҳтар аз забон шуда метавонад, ки калиди дари дониш ва силоҳи ҳақиқату хирад аст. Дар ҳолате, ки бо забон ҳарф мезанем, дарс меомӯзем, шаҳрҳо бунёд месозем, ҳақро ба субут мерасонем, Офаридгорро зикр мекунем. Инчунин дар қатори хубиҳо Эзоп забонро бадтарин чизи дунё номидаасг, зеро забон оғози фитнаву баҳсу ҷанҷолҳост, манбаи дасисаву балоҳост. Забон дурӯғ мебофад, ғайбат мекунад, дурусту нодурустро нишон медиҳад, нафрин мехонад, носазо мегӯяд, фасод меандозад, ҳилаву фиреб ба кор меборад. Чӣ гуна забонро хуб метавон гуфт. Ин гуфтаҳоро метавонем бо мисраҳои Румии бузургвор тақвият бидиҳем:
 
                       Оламеро як сухан вайрон кунад,
                       Рӯбаҳони мурдаро шерон кунад. (Мавлоно) 
 
 فَأَصْلِحوُا:  2 - “ Ва агар ду гурӯҳ аз мӯъминон бо якдигар ҷанг кунанд, пас, миёни онҳо сулҳ кунед”. Сураи Ҳуҷурот, ояти 9.
 
Сулҳу амонӣ кафили зиндагии шоиста, хандаи беғаши кӯдакон, хотирҷамъиии падарону модарон ва шукуфоиву ояндаи дурахшони ҳар давлату миллат мебошад. Вассофи сулҳу дӯстӣ – шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзодаро тамоми дунё дӯст медорад. Устод Турсунзода дар сафарҳояш ба мамолики Осиёву Аврупо ва Африқо дӯстиву ҳамоҳангии халқҳо ва сулҳу осоиштагиро тараннум ва халқҳои ҷаҳонро ба ҳамгироӣ даъват менамуд:
                   Мо сафар дорем бо амри Ватан,
                   Бо супоришҳои халқи хештан.
                   Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
                   Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.
Сулҳ аст, ки Ватани азизу маҳбуби мо ободу зебо, сарсабзу хуррам ва пойдору беҳамтост. Ҳамаи ин аз шарофату баракати сулҳу оромӣ сарчашма мегирад. Тавре ки шоир мефармояд:
                 Сулҳ баҳорест, баҳор оварад,
                 Равнақу шодиву барор оварад.
                 Сулҳ чароғи раҳи оянда аст,
                 Сулҳ зи иқбол намоянда аст.
                 Сулҳ шакарханди лаби кӯдакон,
                 Сулҳ ҳамоҳанги дили модарон! (Аминҷон Шукӯҳӣ)
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намудаанд, ки «Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд».
وَأَقْسِطُوا : 3- “Ва агар бозгашт кунад, миёни онҳо сулҳ кунед - ба инсоф; ва адл кунед; ба дурустӣ ки Худо адлкунандагонро дӯст медорад”! Сураи Ҳуҷрот, ояти 9.
 
Адолат, баробарӣ, таодул, мафҳумест, ки то кадом дараҷа ба воқеияти муайян мувофик будани тасаввуроти фардро дар бораи воҷибии ҳуқуқҳояш ифода мекунад. Адолат гурӯҳи ҳуқуқи ахлоқист. Дар ҳаёти иҷтимоӣ адолат таносуби амъолу подош, заҳмату мукофот ва ҷинояту ҷазоро таҷассум менамояд. Номутобиқатӣ дар ин таносуб чун беадолатӣ тавсиф меёбад.
Намоядагони фалсафаи машшоъ Абунасри Форобӣ, Абуалӣ ибни Сино, Насируддини Тусӣ ва фалсафаи калом Муҳаммади Ғазолӣ, Фахруддини Розӣ ва дигарон зикр кардаанд, ки адолат аз се фазилат - ҳикмат, шуҷоат, иффат сар мезанад. Ҳар кадом аз фазилати мазкур ба қувваҳои гуногуни нафсии инсон - хирад, ғазаб, шаҳват мансуб аст. Ба тавассути адолат одам дар ҳама кор ҳади эътидолро риоя карда, ба ифроту тафрит роҳ намедиҳад.
           Кӯзаро бишкаставу бар санг тухмат мекунӣ,
           Ҷомро бишкаста, соқиро маломат мекунӣ.
           Бас дуиҳо дидаам дар табъи пасту дуни ту,
           Худ разолаткору умеди адолат мекунӣ.    
 (Лоиқ Шералӣ)
   لَا يَسْخَرا:  4- . “Эй мӯъминон, гурӯҳе бо гурӯҳе тамасхур накунад, эҳтимол аст, ки он гурӯҳ аз онҳо беҳтар бошад.” Сураи Ҳуҷурот, ояти 11.
Масхара ва носазо гуфтан амале аст, ки дар фарҳанг ва ахлоқи аксари ҷомеаҳо номуносиб ва нописанд ҳисобида мешавад. Ин гуна рафтор метавонад ба эҳсосоти шахс ё гурӯҳ зарар расонад ва боиси нофаҳмӣ ё кина гардад. Чанд нуқтае ҳаст, ки метавон дар бораи ин мавзӯъ қайд кард:
 Дар Қуръон ва аҳодиси Пайғамбар (с) борҳо таъкид шудааст, ки эҳтиром ба дигарон ва мулоимӣ дар гуфтор аз хислатҳои неки инсонӣ мебошанд. Қуръон: " Ба волидайн ва хешовандон ва ятимон ва бенавоён некуӣ кунед ва ба мардум сухани нек гӯед" (Сураи Бақара, 83).
Ҳадис:  "Ҳар кас ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон дошта бошад, суханони хуб гӯяд ё хомӯш бошад." (Саҳеҳ Бухорӣ).
Оқибатҳои иҷтимоӣ: Масхара ва носазо гуфтан метавонад ба муносибатҳои шахсӣ ва иҷтимоӣ зарар расонад, муҳити нохуб эҷод кунад ва кинаву адоватро афзоиш диҳад. Барои беҳбуди равобит ва муҳити иҷтимоӣ, беҳтар аст, ки шахс кӯшиш кунад боэҳтиромона сухан гӯяд, эҳсосоти дигаронро дар назар гирад ва аз масхара ё носазо гуфтан худдорӣ намояд.
Бисёре аз шоирон дар бораи аҳамияти сухани нек ва зарари масхараву носазо гуфтан шеърҳо эҷод кардаанд. Яке аз шоироне, ки дар ин бора сухан рондааст, Саъдии Шерозӣ мебошад. Ӯ дар "Гулистон" ва "Бӯстон"-и худ ба хислатҳои ахлоқи нек ва дурӣ аз суханони қабеҳ таъкид кардааст: 
                  Забон дорад ангуштҳо дар намоз,
                  Сазовор несташ ба ҳар ҷо гудоз.
                  Касеро, ки нафси ба фасод аст моил,
                  Нахоҳад забони ба некӣ қоил. 
    وَلَا تَلْمِزُوا:  5- “Ва дар миёни хеш айбҷӯӣ макунед ва бо лақабҳои бад якдигарро махонед”. Сураи Ҳуҷурот, ояти 11.
Таъназанӣ ва айбҷӯӣ ду амале ҳастанд, ки ба шахсияти инсон ва муносибатҳои иҷтимоӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Ин рафторҳо дар фарҳанг, ахлоқ ва таълимоти динӣ ҳамеша маҳкум шудаанд. Биёед ба таври мухтасар ба онҳо назар кунем: 
1.Таъназанӣ (масхара кардан): Таъназанӣ маънои бо забон ё амал шахсро таҳқир кардан ё камарзиш нишон додан аст. Ин гуна рафтор метавонад дигаронро шарманда кунад ва ба эҳсосоти онҳо зарар расонад. Таъназанӣ на танҳо муносибатҳоро вайрон мекунад, балки метавонад боиси кинаву адоватро дар байни мардум зиёд гардонад. Дар Қуръон, таъназанӣ ба шиддат маҳкум шудааст:"Эй касоне, ки имон овардаед, набояд гурӯҳе аз шумо гурӯҳи дигарро масхара кунад, шояд онҳо беҳтар аз инҳо бошанд." (Сураи Ҳуҷурот, ояти 11).
2. Айбҷӯӣ: Айбҷӯӣ маънои ҷустуҷӯ ва намоиш додани нуқсонҳо ва хатогиҳои дигаронро дорад. Таъкид дар ҳадис: Пайғамбар (с) гуфтааст: 
"Шахсе, ки айбҳои дигаронро меҷӯяд, Худо айбҳои ӯро зоҳир мекунад, ҳатто агар дар кунҷи хонааш бошад."(Сунани Тирмизӣ) Ин ҳадис нишон медиҳад, ки айбҷӯӣ рафторе ношоиста аст ва оқибати нохуб дорад.   
   وَلَا تَنَابَزُوا بِالْأَلْقَاب: 6-  “Бо лақабҳои бад якдигарро махонед!” Сураи Ҳуҷурот, ояти 11.
Лақабҳои зишт ва нописанд гузоштан ба дигарон амали нораво ва ахлоқан нописанд аст. Ин гуна рафтор метавонад ба эҳсосоти инсонҳо зарар расонад, эътимоди онҳо ба худ ва дигаронро паст кунад ва дар муносибатҳо нофаҳмӣ ва адоватро ба вуҷуд орад. Таъкидҳои динӣ ва ахлоқӣ: Дар таълимоти динӣ, аз ҷумла дар Ислом, ин гуна амалҳо сахт маҳкум шудаанд: 1. Қуръон: Дар сураи Ҳуҷурот, ояти 11, омадааст:
 "Ва якдигарро масхара макунед ва якдигарро ба лақабҳои зишт махонед. Пас аз имон овардан, носазо гуфтан гуноҳ аст. Ва ҳар кас, ки тавба накунад, аз ситамкорон аст."
Ин оят нишон медиҳад, ки лақабҳои бад гузоштан на танҳо амали ахлоқан носозгор, балки гуноҳ аст ва бояд аз он дурӣ ҷуст. 2. Аҳодис: Паёмбар Муҳаммад (с) таъкид кардааст: 
"Мусулмон касест, ки дигар мусулмонон аз дасти ӯ ва забонаш дар амон бошанд." (Саҳеҳ Бухорӣ)
اِجْتَنِبُوا كَثِيرًا مِنَ الظَّنِّ:  7- “Эй мӯъминон, аз гумони бисёр дурӣ ҷӯед, ҳароина баъзе аз гумонҳо гуноҳ аст”. Сураи Ҳуҷурот, ояти 12.
Яке аз бемориҳои равоние, ки таъсири зиёноваре бар шахсият ва рафторҳои фардӣ ва иҷтимоӣ мегузорад, бадгумонӣ аст. Бадгумонӣ сабаби ба вуҷуд омадани мушкилоти фардӣ ва иҷтимоӣ ва бемориҳои равонии монанди изтиробу ташвиш ва афсурдагӣ мешавад. Бинобар ин, барои доштани ҷомеаи солим бояд бидонем ки чи чизе сабаби ба вуҷуд омадани бадгумонӣ мешавад ва бидонем, ки бадгумонӣ чи таъсирҳое ба ҷомеа дорад. Бадгумонӣ инсонро ба таҷассус ва кофтуков дар корубори дигарон водор мекунад. Таҷассус сарчашмаи ғайбат шуда ва сабаб мешавад, ки обрӯи инсон коста гардад. Реша ва маншаи бадгумонӣ ҷаҳл ва нодонӣ ва зуд қазоват кардан аст; Инки инсон аз ҳақиқат огоҳ нест боиси бадгумонӣ мешавад. Бадгумонӣ аз ҷумлаи дурӯғтарин дурӯғҳо аст, ки бояд аз он парҳез кард. Паёмбари Худо (с) мефармояд: Аз гумон бипарҳезед, зеро гумон дурӯғтарин дурӯғ аст. (Биҳорул анвор: ҷ 75, с195, ҳадис.8)
Тарс ва бухлу ҳирс: Аз осори бадгумонӣ тарс ва бахилӣ ва ҳирс аст. Паёмбар(с) мефармояд: Ҳамоно тарс ва бухл ва ҳирс, [ҷилваҳои] як хислатанд, ки бадгумонӣ, онҳоро фароҳам овардааст. ( Биҳоруланвор: ҷ 73, с.304, ҳадиси.21).   
وَلَا تَجَسَّسُوا: 8- “Ҷосусӣ макунед”. Сураи Ҳуҷурот, ояти 12.
Ин рафтор боиси поймол кардани ҳурмат ва ҳуқуқи шахсӣ мегардад ва дар дину ахлоқи исломӣ сахт маҳкум шудааст. Далелҳо аз Қуръон ва аҳодис:   
"...Ва ҷосусӣ макунед ва айбҳои якдигарро ҷустуҷӯ накунед..." (Қуръон: сураи Ҳуҷурот, ояти 12).
Ин оят ба таври возеҳ моро даъват мекунад, ки аз ҷосусӣ ва ҷустуҷӯи айбҳои дигарон худдорӣ кунем, зеро ин амали носазо боиси рахна кардани ҳурмати шахсӣ мешавад. 
Аҳодис: Паёмбар Муҳаммад (с) гуфтааст: "Аз айбҳои мусалмонон ҷустуҷӯ накунед, зеро ҳар ки айби бародари мусалмони худро ҷустуҷӯ кунад, Худо айбҳои ӯро фош хоҳад кард, ҳарчанд дар хонааш бошад."(Сунани Тирмизӣ). 
Ин ҳадис нишон медиҳад, ки ҷосусӣ на танҳо рафторест носазо, балки оқибати нохуб барои худи шахс низ хоҳад дошт. 
 
Шеъри ахлоқӣ:
 
Саъдӣ мегӯяд: 
                      Маранҷон касеро, ки дил шод нест,
                     Ба таҳқиқ ҷустуҷӯ кори дод нест. 
                     Ба ҳар кас, ки айбе ту бинӣ равон,
                     Ба худ бингар аввал, ки беайбӣ дон.
Ин байт таъкид мекунад, ки бояд ба ҷойи ҷустуҷӯи нуқсони дигарон, ба ислоҳи худ машғул шавем. Дар маҷмӯъ, ҷосусӣ на танҳо ба дигарон зарар мерасонад, балки барои худи шахс низ оқибати бад дорад. Аз ин рӯ, бояд кӯшиш кунем, ки ҳурмати шахсӣ ва ҳадду ҳудуди одамонро эҳтиром кунем.
      وَلَا يَغْتَ9- “Якдигарро ғайбат макунед! Оё касе аз шумо дӯст медорад, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯрад? Балки аз вай нафрат хоҳед кард. Ва аз Худо битарсед, ба дурустӣ ки Худо Тавбапазирандаи Меҳрубон аст!” Сураи Ҳуҷурот, ояти 12.
Ғайбат, яъне аз пушти дигарон сухан гуфтан бо ҳадафи паст задан ё кам кардани обрӯи онҳо, амале аст, ки дар таълимоти ахлоқӣ ва динии ислом сахт маҳкум шудааст. Ғайбат на танҳо ба шахси мазлум зарар мерасонад, балки ба худи ғайбаткунанда ва муҳити иҷтимоӣ низ таъсири манфӣ мегузорад. Маънои ғайбат: Паёмбар Муҳаммад (с) дар таърифи ғайбат гуфтааст: 
"Ғайбат ин аст, ки чизе дар бораи бародари мусалмони худ бигӯӣ, ки ӯ онро дӯст надорад." (Саҳеҳ Муслим) Саҳобон пурсиданд: "Агар он чизе, ки мегӯем, воқеият дошта бошад, чӣ?" Паёмбар (с) ҷавоб дод: 
"Агар воқеият дошта бошад, ғайбат аст. Агар дурӯғ бошад, буҳтон (бофтаи дурӯғ) аст. "Қуръон дар бораи ғайбат: дар сураи Ҳуҷурот, ояти 12 Худованд мегӯяд: "якдигарро ғайбат макунед! Оё касе аз шумо дӯст медорад, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯрад? Балки аз вай нафрат хоҳед кард. Ва аз Худо битарсед, ба дурустӣ ки Худо Тавбапазирандаи Меҳрубон аст”! Дар ин оят, ғайбат бо амали басо зишт ва нафратангез монанд шудааст.
Саъдӣ мегӯяд:
                     
                      Касе, ки дар пушти мардум сухан ронад,
                     Зи худ обрӯ пеши мардум кунад зиён.
                     Забон худ инояти пок асту рост,
                     На воситаи носазо гуфтану кофтан дон. 
Ин байт таъкид мекунад, ки ғайбат обрӯи шахсро дар ҷомеа коҳиш медиҳад ва ӯро бадном месозад.
 
Аз ин рӯ, чунин хулоса кардан муҳим аст, ки ҳар як инсони комилро вазифаи муқаддас ин аст, забонро посбони сари худ ҳисобида, мулоҳизакорона андеша ронад, то сазовори ҳамаи хубиҳои олам бигардаду соҳибобрӯ.
Хулоса, сухан оғозу анҷом аст, сухан розу роҳнишондиҳандаи ҳаёт аст. Сухан дард аст, сухан хушию илҳом аст, ки онро инсони бузург офарида. Наметавон лол гашт, наметавон пурдард буд, наметавон танҳову хомӯш ибрози андеша сохт, аммо ба ибораи халқ: «Як сухан 366 паҳлӯ дорад», ҳар як суханро дар тарозӯи ақл баркашид, сипас пеш оварду талаффуз кард. Бояд кӯшид, ки суханвари асил буд. Бояд дили ҳамагонро бо сухан ба даст овард. Бояд суханвар гардад кас, ки сухан гӯяд, на алфози аз нотавониҳо танида. Бояд сухане гуфт, ки бо хун аз дил падид омада бошад. Бояд сухане гуфт, ки дурри маънӣ гардад ва касро ҳузури ҷону зӯру тавон бахшад.
                       
                        То мард сухан нагуфта бошад, 
                        Айбу ҳунараш нухуфта бошад. 
                        Ҳар беша гумон мабар, ки холист, 
                        Шояд, ки паланг хуфта бошад. (С.Шерозӣ)
 
То вақте ки инсон хомӯш бошаду сухане нагуфта бошад, сифатҳои хубу бади ӯ (ва сатҳи донишу ҳунари ӯ) пинҳон аст. (Инсони хомӯш мисли беша ва ҷангалест, ки ҳанӯз ба даруни он ворид нашудаем ва намедонем, ки дар он чист.) Аз ин рӯ, ту набояд гумон кунӣ, ки ин беша холист, зеро ҳамеша эҳтимол дорад, ки дар ин беша паланге ё ҳайвони ваҳшии дигаре хобида бошад. Пас, дар бораи инсони хомӯше, ки ҳанӯз сухан нагуфтааст, набояд пешакӣ хулоса барорӣ, зеро шояд ӯ шахси донишманду зираке бошад ва ё баракс, шахси аблаҳу нодоне бошад. Ҳамон гуна ки Мавлонои Балхӣ дар Маснавӣ овардааст:
                           
                           Одамӣ махфист дар зери забон,
                           Ин забон пардаст бар даргоҳи ҷон.
 
Шокиров Умедҷон - мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ
     
 
Яндекс.Метрика