Дунявигароӣ чунин равандест, ки моҳиятан бидуни андешаҳои маорифпарварию ислоҳталабӣ таҳаққуқ пазируфта наметавонад. Зеро маорифпарварӣ ҳамчун самти фаъолият аз рӯйи табиати худ ба маърифатнок намудани аҳли ҷомеа бо хусусият ва асрори нокушудаи раванду ҳаводиси табиию ҷамъиятӣ ва ҳамзамон олами маънавии инсон, ки моҳияти заминӣ-дунявӣ доранд, нигаронида шудааст. Ба қавли дигар, агар маорифпарварӣ огоҳ сохтани мардуми ноогоҳ аз қонуниятҳои инкишофи ин дунё ва камоли олами маънавии инсон ҳамчун тағйирдиҳандаи воқеии дунёи зикршуда бошад, пас ислоҳпарварӣ маънои такмил намудану беҳбуд бахшидани дунёи номбурдаро тавассути ислоҳи олами маънавию моддии инсони мазкур дар назар дорад. Аз ин нуқтаи назар, ислоҳталабию маорифпарварӣ шаклҳои махсуси зуҳуроти дунявигароӣ маҳсуб меёбанд.
Агар ба пайдоиш ва раванди дунявигароӣ дар кишвари Ҳиндустон, ки қариб нисфи аҳолияш мусулмон мебошад, таваҷҷуҳ зоҳир намоем, пас, баръало мушоҳида менамоем, ки раванди мазкур бо раванди ислоҳталабию маорифпарварӣ сахт алоқаманд мебошад. Зеро на мушкилоти динию ондунёӣ, балки мушкилоти заминию дунявии инсон ислоҳталаб ва ниёз ба таҳаввулу омўзиш доштанд. Аз ин нуқтаи назар ислоҳталабию маорифпарварӣ бо дунявигароӣ ҳамчун самтҳои аз лиҳози ҳадаф ягонаю аз лиҳози шакли иҷро гуногун мавриди таҳқиқ карор мегиранд.
Бояд таъкид намуд, ки пайдоиш ва рушди ҳаракати дунявигароӣ дар байни мусулмонони Ҳиндустон бо фаъолияти Сайид Аҳмадхон сахт марбут аст. Муҳити сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии зист дар ў як шахсияти солимфикр, пешқадам, равшанфикр, некбин ва ислоҳгарро ташаккул додааст.
Вай аз он нороҳат мегардид, ки бисёре аз меъёрҳои анъанавии ислом ниҳоят сахт мебошанд ва бо хусусиятҳои рушди ҷомеаи замони ҳозира ҳамоҳанг шуда наметавонанд. Яъне, исломи анъанавӣ ҷавобгўи тағйиротҳои навини ҷомеа нестанд. Агар ислом ба муҳити нав мутобиқ нагардад, вай на танҳо монеаи пешрафти ҷомеа хоҳад буд, балки худи он аз байн рафтанаш мумкин буд. Бинобар ин, ў нигоҳи нави исломро ба воқеият, ки маҳсули муҳити тағйирёфтаи иҷтимоию сиёсӣ мебошанд, пешниҳод менамояд.
Яке аз андешаҳои пешқадами вай чунин буд, ки мусулмонон на бояд бо британиягиҳо душманӣ варзанд, балки бояд маорифи англисҳоро аз худ намуда, ба сохтори ҳукумат ворид шаванд. Агарчанде ў яке аз донишмандони маъруфи дин буд, бо вуҷуди ин аз илмҳои фиқҳ, математика, астрономия, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ низ хуб баҳравар буд. Ҳамзамон илми тиб ва адабиётро низ меомўхт. Вай пайваста мекўшид, ки дини ислом ҳамқадами замон бошад.
Ислоҳгар ва маорифпарвари дигари мусулмонони Ҳиндустон Сайид Амир Алӣ низ чунин мепиндошт, ки мусулмонон бояд шаъну шарафи гумкардаи худро танҳо тавассути пешрафт дар илму дониш бояд баргардонанд. Вай инчунин бо унвони «Мавқеи қонунии занҳо дар Ҳиндустон» китобе навишта, тағйиротҳои иҷтимоиро дар муносибат ба мавқеи занон ҳимоя менамояд ва мехост, ки дар нигоҳи мардони мусулмон дар муносибат ба занон тағйирот ворид созад.
Дар қисмати ғарбии Ҳиндустон, ки Бенгал номида мешавад, саҳми Бегим Рокия дар интишори илму дониш дар байни занҳо ва зиёд намудани ваколатҳои онҳо хеле чашмрас мебошад.Вай пешоҳанги раванди маърифатноккунии занҳо дар Ҳиндустон маҳсуб меёбад. Вайро набудани озодии занҳо ва вобаста ба ин нақши маҳдуди онҳо дар рушди ҷомеаи мусулмонон нороҳат менамуд. Ў муътақид буд, ки танҳо тавассути илму маориф занҳои мусулмон метавонанд, ки кулбаи ҷаҳолат ва қафомонии иқтисодиро дарҳам шикананд. Бо ин мақсад вай соли 1911 дар Калкута аввалин мактабро барои духтарон таъсис медиҳад. Барои духтаронро ба мактаб овардан ў ҳатто ба дари хонаи ҳар оила рафта, падару модаронро барои фиристодани духтарҳояшон ба мактаб розӣ мекунонд.
Бегим Рокия ҳомии баробарии занҳо ва мардҳо буд. Вай муътақид буд, ки ҳиҷоб дар рушди иҷтимоию иқтисодии занҳои мусулмон монеаи калонтарин маҳсуб меёбад. Ў афсус мехўрд, ки занҳои мусулмон ба сабаби паст будани сатҳи илму донишашон ҷойи кор надоранд.Новелаи ў «Зани маҳдуд» ба муқоли ҳиҷоб нигаронида шуда буд. Новелаи дигари вай «Орзўи Султона» олами хайёлиеро тасвир менамояд, ки дар он занҳо нақши пешбаранда доранд.
Хулоса, фаъолияти дунявигароӣ дар Ҳиндустон тавассути афкори ислоҳпарваронаю маорифпарварона таҳаққуқ мепазирад. Ислоҳгарони Ҳиндустон, агарчанде таълими хуби динӣ доштанд, кўшиш мекарданд тавассути ислоҳ дар дин дар ҷомеаи мусулмонон, дар тарзи зисти мусулмонҳо, дар пешрафти илму маорифи ҷомеа тағйирот ворид созанд. Яъне, метавон гуфт, ки маорифпарварони Ҳиндустон қафомонии ҳаматарафаи мусулмононро бардошт карда натавониста, пайваста дар пайи ҷустуҷўи ҳалли мушкилоти ҷомеа ва роҳу усулҳои таъмини пешрафти он буданд. Ба қавли дигар, аз фаъолияти ислоҳталабона ва маорифпарваронаи пешоҳангони фарҳанги мардуми мусулмони Ҳиндустон метавон чунин бардошт намуд, ки онҳо тавассути афкору аъмоли пешқадами маорифпарваронаи худ раванди дунявигароиро дар ҷомеа роҳандозӣ менамуданд.
Абдухалилзода К.А.