АФЗАЛИЯТ БА САТҲИ ЗИНДАГИИ ИҶТИМОИИ ШАҲРВАНДОН АСОСИ ПАЁМИ СОЛОНА

Ҳамасола дар  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи феълии ҳаёти иҷтимоии ҷомеа ҳаматарафа мавриди таҳлил қарор гирифта, ҳамчун дастурамали рушди минбаъдаи кишварамон баромад менамояд. 

Дар Паёми имсола низ Роҳбари давлат ба масъалаҳои иҷтимоӣ, мушкилоту дастовардҳо ва дурнамои онҳо авлавият бахшида, баъди таҳлилу натиҷагирӣ дар қиёс бо солҳои қаблӣ, дар назди масъулини соҳа вазифаҳои нав ва муҳимро  гузоштанд. Чи тавре ки қабул шудааст бахши иҷтимоии Паём фарогири соҳаҳои маориф, илм, дин, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, занон, ҷавонон ва дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ-демографӣ мебошад. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд намуданд, ки соли 2022 барои Тоҷикистони азизи мо соли бобарор буд, зеро дар шароити мураккаб гардидани вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърих, бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона татбиқ ва амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла даромади пулии аҳолӣ ва музди меҳнати шаҳрвандон афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатии аҳолӣ то 22,5% коҳиш ёфт ва вазъи шуғли аҳолӣ беҳтар гардид. Ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2022 аз буҷети давлатӣ 14,7 миллиард сомониро ташкил дод, ки қариб ними ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро дар бар мегирад. 

Дар ҳар як Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм ва маориф таваҷҷуҳи бештар дода мешавад ва ғамхорӣ кардан ба илму маорифро сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ меҳисобанд. Сарвари давлат ҳамеша ба омӯзгор эҳтироми хосса доранд ва омӯзгорро ҳамчун шахси мафкурасоз ва тарбиятгари насли наврас меҳисобанд, саводи мардум, бунёди миллати мутамаддин, оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва рушди давлатро ба омӯзгор, мактаб ва маориф нисбат медиҳанд.

Ҳамин тавр, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии иҷтимоии аҳолӣ Президенти кишвар, муҳтарам Эмомали Раҳмон супориш доданд, ки аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд. Дар ҷавоб аз ин ғамхориҳо аз кормандони илму маориф даъват ба амал оварданд, ки кашфиёту ихтироотро ба анҷом расонанд, усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосирро ҷорӣ намоянд, фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олиро мутобиқ ба равандҳои ҷаҳони имрӯза ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ монанд, мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи муосири бозори меҳнат тарбия кунанд ва дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузоранд.

Бахши дигари афзалиятноки сиёсати иҷтимоии кишварамон соҳаи тандурустӣ мебошад, ки барои ҳифз ва барқарорнамоии саломатии шаҳрвандон нигаронида шудааст ва давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он, бунёд ва азнавсозии муассисаҳои тиббӣ, инчунин бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани онҳо тамоми тадбирҳои заруриро меандешанд. Дар Паёми имсола қайд гардид, ки дар давоми истиқлоли давлатӣ 2827 муассисаву иншооти тандурустӣ сохта, ба истифода дода шуд, ҳол он ки дар 70 соли даврони то истиқлоли давлатӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд бунёд гардида буд. Ҳоло шумораи муассисаҳои тандурустии мамлакат нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд гардида, ба 5116 ва кормандони онҳо ба 79 ҳазор расидааст. 

Сарвари давлат ба сохторҳои масъул супориш доданд, ки барои ҳифз ва барқарор намудани тандурустии аҳолӣ “таъсис додан ва ба кор андохтани корхонаҳои муосири истеҳсоли доруворӣ, коркарди васеи гиёҳҳои шифобахш ва аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ ва боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дорувориро таъмин намоянд”. Инчунин бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани шароити  зиндагонии кормандони соҳаи тандурустӣ пешниҳод намуданд, ки аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои тандурустӣ 20 фоиз зиёд карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намуданд, ки дар самти пешгирӣ кардан ва табобати беморон дастоварду пешравиҳои муайян ба назар мерасанд, аммо омода намудани кадрҳои соҳаи тандурустӣ, бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ ва сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳбудӣ металабанд.

Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии арзандаю сазовор ва рушди озодонаи шахсию касбиро фароҳам меорад. Сарвари давлат дар ҳар як суханронии худ махсус қайд менамоянд, ки ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон мебошад. Бо ин мақсад барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ маблағҳои зиёде ҷудо карда мешаванд. Дар Паём қайд карда шуд, ки “то охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда мешавад ва ба ин мақсад 285 миллион сомонӣ равона мегардад”. 

Ҳамчунин, бахши дигари муҳими ҳаёти иҷтимоӣ, ки дар Паём баррасӣ гардид, дастрасӣ ба манзили зист мебошад. Маълум аст, ки аҳолии Тоҷикистон босуръат зиёд мегардад ва моҳи июли соли 2022 аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар рафта расид. Табиист, ки бо зиёд шудани аҳолии Тоҷикистони камзамин талабот ба манзили зист низ афзуда, ба масъалаи муҳими иҷтимоӣ табдил меёбад.  Дар Паём қайд гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то имрӯз дар самти дастрасӣ ба манзили истиқоматӣ корҳои зиёд ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла “Бо мақсади беҳтар кардани шароити зиндагии мардуми кишвар танҳо дар 10 соли охир 7,2 ҳазор гектар заминҳои наздиҳавлигӣ барои бунёди беш аз 14 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба аҳолии мамлакат ҷудо гардидааст”. Ҳамзамон, дар давоми истиқлоли давлатӣ барои бунёди манзили истиқоматӣ ба 1 миллиону 450 ҳазор оила 139 ҳазор гектар замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда дода шудааст, ки барои таъмини аҳолӣ ба манзили зист ва беҳтар гардонидани шароити истиқоматии шаҳрвандон мусоидат намуд. Сарвари давлат барои сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла пурра ба роҳ мондани истихроҷ ва коркарди сангҳои ороишӣ, риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон ҳангоми бунёди иншооту биноҳо ба мақомоти масъул супоришҳои саривақтӣ доданд. 

Ҳамин тариқ, Паёми навбатии соли 2022 комилан собит сохт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  марҳилаҳои таърихии рушди давлатдориро устувор ва ояндабинона тай менамояд. Дар Паёми имсола як қатор пешниҳодҳо, супоришҳо ва вазифаҳо ба миён гузошта шуданд, ки ҳамчун дастурамал ва роҳнамои фаъолияти ҷомеаи Тоҷикистон барои беҳтар гаштани шароитҳои зиндагии арзандаю сазовори шаҳрвандон нигаронида шудааст.

 

Баҳромбеков В. - сардори шуъбаи пажӯҳиши исломи муосири Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика