Дар даврони истиқлолият фарҳанги миллии мо дар тарбияи ҳисси бедориву худшиносии миллӣ, махсусан, густариши эҳсоси ватандӯстиву зебоишиносии наврасону ҷавонон нақши муҳим бозида истодааст. Э. Раҳмон
Инкишофи фарҳанг аз рӯи қонуни пайванди наслҳо ё худ қонуни ирсият, қонуни томияти таърихӣ, рӯҳияи миллӣ сурат мепазирад ва вазифаҳои он аз пайванди шахс ва ҷомеа, воситаи бедории эҳсосот ва тафаккур, нишондиҳандаи пешрафти ҷомеа, иҷрокунандаи мақсаду ҳаёти инсон, ташаккулдиҳандаи шахсияту тафаккур ва шуур иборат мебошад.
Тоҷикон яке аз миллатҳои куҳанбунёд буда, дорои таърихи беш аз шашҳазорсола мебошанд. Ин миллат, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар ва ҳамчунин илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор меравад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ҳамчунин ёдовар гардидаанд, ки “Соли 2023 – юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид.
Бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин, рушди сайёҳӣ дар ин самт пешниҳод менамоям, ки дар Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад”.
Ҳанӯз дар Паёми соли 2011 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаи соҳибфарҳангу тамаддуни бостонӣ будани тоҷикон таъкид намуда, чунин ибрози назар намуданд: “Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар соли 2010 тибқи Қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид ҷашни аҷдодиамон Наврӯзи Аҷам мақоми байналмилалиро соҳиб гашт. Рӯйдоди дигари таърихиву фарҳангӣ ин аст, ки бо қарори ЮНЕСКО ёдгории таърихиву археологии нодир ва панҷҳазорсолаи Саразм ба феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии аз тарафи ин созмон ҳифзшаванда ворид гардид. Барои ба ин рӯйхат тавассути барномаи трансмиллии “Шоҳроҳи бузурги абрешим” ворид намудани 8 ёдгории таърихиву фарҳанги аз қабили “Шаҳраки қадимаи Панҷакент”, “Шаҳри Бунҷекат”, “Қалъаи Ҳисор”, “Маъбади буддоии Аҷинатеппа”, “Мадрасаи Хоҷа Машҳад”, шаҳри “Тахти Сангин”, “Шаҳри Ҳулбук”, “Қалъаи Ямчун” корҳои тадқиқотӣ идома доранд”.
Барои эҳё ва тақвияти фарҳанги миллӣ, инчунин бо мақсади ваҳдату ягонагии халқамон дар кишвар якчанд ҷашнҳои умумимиллӣ: - 1000-умин солгарди иншои “Шоҳномаи”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, таҷлили 1100-солагии Давлати Сомониён, ҷашни 2500-солагии Истравшан, таҷлили 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб, таҷлили 3000-солагии Ҳисор, ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразм, 2700 – солагии нахусткитоби аҳли башар – “Авесто”, ҷашни бузургдошти алломаҳои фарҳанги миллӣ – Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Умари Хайём, таҷлили ҳамасолаи “Рӯзи Рӯдакӣ” ва ғайра гузаронида шудаанд, ки дар баргузории ҳамаи чорабиниҳои сиёсӣ-фарҳангии зикршуда саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Рӯй овардан ба таърихи халқи хеш, иншо ва чопи китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих”, нашри китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва ҳадяи он ба мардуми кишвар, худ гувоҳи эҳё намудани таърих ва фарҳанги миллӣ аз тарафи Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишварамон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Сарвари давлат фарҳангро дар ҷомеаи башарӣ яке аз воситаҳои муҳими тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, бахусус ҷавонон ҳисобида, таъкид менамоянд, ки фарҳанг дар ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа метавонад нақши калидӣ дошта бошад. Вобаста ба ин масъала, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 – уми апрели соли 2012 чунин қайд намуданд: Ҳукумати кишвар ба ин соҳаи муҳимми иҷтимоӣ низ беш аз пеш таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. “Солҳои охир дар ин соҳа як қатор тадбирҳои судманд амалӣ гардиданд, ки барои густариши фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ дар шаҳру деҳоти мамлакат ва ҳамзамон бо ин шиносонидани кишвари соҳибистиқлоли мо дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳми арзанда доранд. Қобили зикр аст, ки имрӯз аҳли фарҳанги тоҷик чи дар офариниши асарҳои саҳнавӣ ва чи дар филмофарӣ бо ҷоизаҳои бонуфузи байналмилалӣ қадр гардида, фарҳангу ҳунари миллии моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд. Бахусус ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф ва таҷлил гардидани Наврӯз – ҷашни миллӣ ва суннатии тоҷикон бори дигар мардуми моро ҳамчун миллати фарҳангсоз ва дорои таърих, анъана ва тамаддуни қадима ба ҷаҳониён шиносонид, ки барои ҳар як фарди худогоҳ мояи ифтихор ва сарфарозист”.
Ҳамаи ин дастовардҳои фарҳангӣ гувоҳи онанд, ки фарҳанги миллӣ дар 32 – соли Истиқлоли Меҳан эҳё гардида, симои миллии худро дарёфтааст. Ҳифз кардани арзишҳои фарҳанги моддию маънавӣ ва бегазанд ба наслҳои оянда мерос гузоштани дастовардҳои он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди худшиносу худогоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Садуллоев Аҳмадҷон – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ