Монографияи олимони тоҷик - Холиқзода Абдураҳим Ғаффор, Шосаидзода Шаҳбоз Шосаид, Аминҷонов Абдураззоқ Худойшукурович ва Соҳибзода Муҳиддин Соҳиб дар бораи Ҳуқуқ дар таърихи халқи тоҷик ба нашр расид!
Дар арафаи ҷашни бошукуҳ ва сарнавиштсози миллат 31 - умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон монография олимони тоҷик - Холиқзода Абдураҳим Ғаффор, Шосаидзода Шаҳбоз Шосаид, Аминҷонов Абдураззоқ Худойшукурович ва Соҳибзода Муҳиддин Соҳиб дар бораи Ҳуқуқ дар таърихи халқи тоҷик армуғони идона ба ҳисоб меравад.
Монографи мазкур ба яке аз масъалаҳои муҳимми илми ҳуқуқшиносӣ – таърихи ҳуқуқи халқи тоҷик бахшида шудааст. Дар он масъалаҳои пайдоиш, инкишоф ва ташаккулёбии ҳуқуқ ва механизмҳои эътироф, кафолат ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар таърихи тамаддунҳоим шарқӣ ва ғарбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Муаллифон бо дастрасии маводи зиёди илмӣ ва сарчашмаҳои ҳуқуқии таърихӣ раванди ташаккули ҳуқуқи инсонро дар таърихи халқи тоҷик муфассал ва мухтасар пешниҳод намудаанд.
Монография ба донишҷӯёни факултетҳои ҳуқуқшиносии муассисаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ҳамаи шахсоне, ки ба омӯзиши ҳуқуқи инсон ва таърихи ҳуқуқ майлу рағбат доранд, пешниҳод карда мешавад.
Абдуллоҳи Қодирӣ - корманди шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир