Ҳар як насл ба фарҳанг чизи наверо ворид месозад: ихтирооти илмию техникӣ, андешаҳои нави бадеӣ, урфу одат, расму русум, завқ, тарзи рафтор ва ғайра. Пайдоиши чизи нав дар фарҳанг зарурӣ ва ногузир аст.
Инкишофи фарҳанг дорои ду тамоюл мебошад - нигаҳдошти мероси гузашта ва сохтани чизи нав. Анъана - натиҷаи донишҳо, таҷрибаҳо, намуд ва тарзи рафтор, урфу одат, маросим, расму русуми дар тӯли садсолаҳо ва ҳазорсолаҳо бадастомада мебошад. Ҳар як анъана дар марҳилаи муайяни инкишофи халқ ва ҷамъият ташаккул ёфта, нақши замони худро дар худ нигоҳ медорад.
Агар анъана пурсамар бошад, барои наслҳои минбаъда низ идома додани он зарур ва ҳатмист. Анъанаҳо инкишоф меёбанд, баъзан таъғйири шакл мекунанд, аммо моҳияти худро маҳфуз медоранд. Ҳар чанд навоварӣ дар муқобили анъана қарор дошта бошад ҳам, аммо дар асл навоварӣ бо анъана алоқаманд буда, онро идома медиҳад. Зеро такрори механикии анъана ба таназзули он оварда мерасонад ва ба тақлид табдил меёбад.
Ҳамзамон кӯшиши сохтани чизи нав бе алоқа ва такя бо анъана ба таназзули асли комили фарҳанг оварда мерасонад. Бе истифодаи дониш, маҳорат ва таҷрибаи бадастомада, ҳар як насл маҷбур мешуд, ки ҳама чизро аз сари нав оғоз намояд, аммо бе навоварии доимӣ бошад, инсоният дар як ҷо шахшуда мемонд. Фақат пайвасти табиии анъана ва навоварӣ инкишофи ҷамъият ва фарҳангро таъмин менамояд.
Анъанаҳо гуногун буда, на ҳамаи онҳо пурсамар мебошанд. Ҳар як мардум вобаста ба шароити табиӣ ва иқлим, хусусияти инкишофи таърихию махсусиятҳои миллӣ, дорои расму русум,маросим, рамз ва шаклҳои муошират мебошанд.Анъана замина барои эҷодиёт мебошад. Он метавонад худро чун омил, чун сабаби пайдоиши чизи нав нишон диҳад. Ҳар як эҷодкор он чизеро, ки ба вай наздиктар бошад интихоб менамояд. Бинобар иняке аз сабабҳои гуногунӣ дар санъат дар ҳамин ифода меёбад.
Анъана ва навоварӣ ду ҷанбаи бо ҳам алоқаманди инкишофи фарҳанг ба шумор мераванд. Ба шарофати анъана инсоният таҷрибаи фарҳангии наслҳоро аз худ карда, барои худ ақидаҳо, арзишҳо, меъёрҳои фаъолиятии аз тарафи наслҳои пешгузашта коркардгардидаро аз худ мекунад. Аммо фарҳанг бе таҷдид мавҷуд буда наметавонад. Фарҳанг дар марҳилаи муайяни таърихӣ алоқаи нав ва кӯҳнаро муайян менамояд. Вайрон намудани ин алоқа, даст кашидан аз он меросе, ки садсолаҳо бунёд ёфтааст, барои мавҷудияти фарҳанг хатар эҷод менамояд. Даст кашидан аз анъана инсонро аз асли ӯмаҳрум месозад. Аз ин рў ҳар як насли нави ҷомеа муваззаф аст, ки бо анъанаҳои миллӣ аз як тараф муносибати эҳтиромона дошта бошад, аз тарафи дигар бо онҳо аз мавқеи интиқодӣ ва ислоҳотӣ назар карда,онҳоро эҷодкорона таҷдид намуда, бо талаботи давру замон ва ниёзҳои воқеии ҷомеа мутобиқ созад. Яке аз ҳадафҳои олию аслии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ ҳамин аст.
Садуллоев Аҳмадҷон – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ