Андешаҳо перомуни таносуби дин ва дунё

Бидуни тардид мавзӯи муносибати дин ва дунё аз ҷумлаи мавзӯъҳои хеле баҳснок, пурихтилоф ва гуногунпаҳлӯ маҳсуб меёбад. Комилан равшан  аст,  ки мавзӯи мазкур дар доираи ҳар дин ҳар хел матраҳ мегардад. Бо вуҷуди ин дар муносибати байниҳамдигарии онҳо ҷанбаҳои умумие ба чашм мерасанд. Бояд эътироф намуд, ки дар муносибати дин ва дунё  робитаи мутақобилаи равшан мушоҳида мегардад. Аслан дунё ва арзишҳои дунявӣ дар динҳо аз мақоми сазоворе бархӯрдор нестанд, агарчанде дин, худ бидуни дунё арзи вуҷуд  карда наметавонад. Ба қавли дигар, дунё шарти ҳастии дин асту аммо дин, баръакс дунёро ҷойгоҳи сазоворе қоил нест. Дар воқеъ аз қадимулайём то ба имрӯз   дар ҳеҷ гӯшае аз олам аз тарафи муҳаққиқон дине бидуни оламу одам ва дунёи ӯ зикр нашудааст. Пас, барои он ки дин вуҷуд дошта бошад, бояд оламу одам вуҷуд дошта бошад. Аммо дин сарчашмаҳои ҳастии худро пасту ҳақир шуморида, аз эътирофи воломақомию пурарзишии онҳо рӯ метобад. Хеле тааҷҷубовар аст, ки  ки дин, худ барои дунё вуҷуд дорад, аммо беинсофона онро хуш надорад.

 Зимни таҳқиқи мавзӯи таносуби дин ва дунё  суоле пеши назар меояд, ки  чаро дар байни дин ва дунё чунин ҳолати ихтилофнок вуҷуд дорад? Ин ҷо бояд таъкид намуд,  ки дин барои мавҷудияти худ ба дунё  ниёз дорад, аммо дунё ниёз надорад. Зеро дин, бидуни инсоне, ки ӯро парастиш менамояд, маҷмӯи се ҳарфи хушку холӣ асту халос.  Инсон бо парастиши худ ба дин ҳастӣ мебахшад. Дунё бошад, ҳастиест, ки метавонад бидуни инсону дини ӯ вуҷуд дошта бошад. М-н, мавҷудияти дигар сайёраву галактикаҳо, баҳру уқёнусҳо ва кӯҳсору биёбонҳои аз оддитарин шароити зисти инсонӣ маҳрум аз ҳеҷ як дини гузаштаву имрӯзаи башарӣ нишоне ба маъраз намегузоранд. Пас, сабаби мавҷудияти ихтилоф дар байни онҳо ба ҳадафҳои онҳо аз ҳастияшон алоқаманд мебошад. Дунё мавҷуди худкифо ва бениёз аст. Дин бошад, мавҷуди ниёзманд ва вобаста. Дунё бидуни дин вуҷуд дошт ва дар оянда ҳам мавҷудияти худро беохир идома хоҳад дод. Аммо дин ҳамчун падидаи вобастаю  ниёзманд барои ҳастии худ аз дунё  ва унсури фаъол ва эҷодкори он – инсон муҳтоҷ буда, вобаста ба дигаргуниҳои иҷтимоӣ тағйир ёфтан мегирад. Дар оғози ҳастии худ он ҳамчун  падидаи аз муҳити  иҷтимоии инсон  вобаста  дунёро «як кафи даст» пиндошта, онро бозичаи хеш маҳсуб медонад. Ҳамчун буқаламун дин бо тағйирёбии муҳити иҷтимоию маънавии инсон худро тағйир дода,  кӯшиш менамояд,  ки ба дигаргуниҳо суратигирифта худро мутобиқ намояд. Аммо ин мутобиқшавӣ то абад давом намекунад. Табиати ҳақиқии ӯ ахиран ошкор гардида, тадриҷан ба «бозича»-и дунё табдил меёбад.    

 Чуноне ки зикр гардид, дин ва дунё дар робитаи мутақобила қарор дошта, ҷониби муқобилро чун васила истифода мебарад. Дин барои он ки вуҷуд дошта бошад,  мавҷудоти фавқуттабиаро, ки дар шакли мубҳамоту маҷҳулот баромад менамоянд,   мақоми баланд қоил мегардад, зеро маҳз мубҳамоту маҷҳулот шарти асосии ҳастии он мебошанд. Аммо ҳастии мазкур  «воқеият» пайдо наменамояд, то ҳастии воқеӣ (дунёи моддӣ)-ро васила қарор надиҳад. Яъне, дар дин ҳар «ду» дунё шаклҳои ҳастии дин маҳсуб меёбанд. Аммо дар дин дунёи фавқуттабиа мақоми афзалиятнок дорад, зеро он василаи асосии ҳастии дин ба шумор меравад. Вай маҳз ба сабаби мубҳаму маҷҳул буданаш ба оламу одаму дунёи вай «роҳ»  ёфтааст. Дар баробари ин оламу одам низ то вақте аз «асрор»- мавҷуди маҷҳулу мубҳам воқиф нагарданд, зарурати ҳастии динро бо дунёи офаридааш мепазиранд. Аммо барои он ки дин ба оламу одам  ба таври воқеӣ роҳ ёфта, барои худ мақоми сазовореро касб намояд, бояд масоили дунявиро низ дар сатҳи фаҳмиши худ мавриди матраҳ қарор диҳад. Яъне, дин дар худ дунёву арзишҳои дунявиро то ба андозае мақоме қоил хоҳад буд, ки ҳастии худи ӯро ботил насозад. Яъне, дар дин дунёву арзишҳои он ҳам арзишманд ҳастанд ва ҳам нестанд, онҳоро бамедиҳад ва ҳам бебаҳо маҳсуб медонад. Яъне, дин наметавонад, ки аз арзишҳои дунявӣ пурра даст кашад, зеро дар чунин ҳол вай шарти ҳастии худро аз даст медиҳад. Ҳамзамон дин наметавонад, ки ба дунё арзиши воло қоил шавад, зеро дар чунин ҳолат дунёи офаридаи ӯ беарзиш хоҳад гардид. Дин чун дарк менамояд, ки бидуни арзишҳои дунявӣ, ки шакл ва шарти ҳастии олам мебошанд, вуҷуд дошта наметавонад, онҳоро дар дунёи офаридаи худ низ ҷой медиҳад, то одам пойбанди онҳо гардида, пурра аз зиндагӣ ноумед нашавад. Ҳамин тариқ, дини аз дунё безор боз ҳам арзишеро барои дунёву арзишҳои он қоил аст. 

Робитаи диалектикии дину дунёро идома дода, бояд таъкид намуд, ки  бо пешрафти ҷомеаю рушди назарраси улуми табиатшиносӣ таносуби дину дунё ба манфиати дунё тадриҷан тағйир меёбад. Ба ҳамон андозае, ки ҷанбаи мубҳаму  маҷҳули унсури марказии дин заиф шудан гирифт, ба ҳамон андоза диният қудсияти худро аз  даст дода, бозичаи дунё қарор мегирад.  Ва дар он марҳилае, ки мубҳаму маҷҳул маълум шуданд, дин ҳастии худро қатъ менамояду дунёро танҳо «маълум» идора менамояд.  

Абдухалилзода К.

Яндекс.Метрика