АМАЛИ НОМАТЛУБ

    Тоҷикон миллати куҳанбунёд буда, аз қадим дорои илму адаби баланд дошта, то ба имрӯз яке аз халқу миллатҳое шинохта шудаанд, ки дар ҷаҳон дорои фарҳанги баланди илмӣ, одобу ахлоқӣ ҳамидаи инсонӣ мебошанд.
 
    Аҷдодони мо, устодони илму фарҳанг, намоди одобу ахлоқ, рафтору кирдори ҳамидаи инсонӣ буда, аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд, ки то ба имрӯз башарият онҳоро мавриди омӯзишу тадқиқ қарор дода истодаанд. Мактаби маърифату эҷоди ахлоқи аҷдодони мо, ба монанди Абуабдулло Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абунасри Форобӣ, Ибни Сино, Низомулмулки Тусӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Саъдии Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва даҳҳо дигар олимону мутафаккирони форсу тоҷик ҳамчун намунаи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дар ҷаҳон шинохта шудаанд.
 
    Имрӯзҳо моро чи шудааст, ки ба ҷаҳониён одобу рафтори хуби худро як сӯ монда, рафтору кирдори бадро нишон дода истодаем. Масалан, беэҳтиромӣ нисбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Федералии Олмон.
 
    Мо, ки даъвои хушахлоқию тамаддуни бузургро дорем, набояд дар рафтору кирдори худ ба беодобӣ, ба бадахлоқӣ, ба рафтору кирдорӣ ғайриҳамидаи инсонӣ роҳ диҳем, зеро тамаддуну фарҳанги аҷдодӣ ба ин хислатҳои пасти инсонӣ созгор нест. Аз рафтору кирдори ҳар яки мо фарҳанги баланди мо – тоҷикон вобастагии калон дорад.
 
    Дар замони муосир мо тоҷикон он мероси адабию фарҳангие, ки саршори илму маърифат, одобу ахлоқ ва рафтору кирдори ҳамидани инсонӣ мебошад ва аз гузаштагонамон ба мо мерос мондааст, бояд чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, аз рӯи он амал намоем.
 
Шоев Фируз Маҳмадаминович – и.в. сардори шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Яндекс.Метрика