"Ал-милал ва-н-ниҳал"-и Шаҳристонӣ - сарчашмаи нодири диншиносии фалсафӣ

Кисми 1. Ҳаёт, осор ва сиришти динию фалсафии Шаҳристонӣ. 
 
Ҳаёти Шаҳристонӣ.Тоҷиддин Абулфатҳ Муҳаммад ибниАбдулкарим аш-Шаҳристонӣ муаррих, файласуф ва диншиноси форсизабони донишманду бонуфузи исломӣбуд (Schimmel, Annemarie. Islam: An Introduction (Translation of: Der Islam). SUNY Press, 1992. -С. 86).  Дар бораи ҳаёти Шаҳристонӣ маълумоти хеле кам мавҷуд аст. Ӯ дар соли 1086 мелодӣ дар маҳаллаи  Шаҳристон (Хуросон, музофоти Форс) таваллуд шудааст. Баъдан ӯро ба Нишопур фиристоданд ва дар он ҷо дар назди устодони гуногун, ки ҳама аз шогирдони диншиноси ашъарӣ ал-Ҷувайнӣ (ваф. 1085) буданд, таҳсил кард. Шаҳристонӣ дар синни 30-солагӣ ба Бағдод рафта, ба омӯзиши илоҳиёт машғул шуд ва се сол дар донишгоҳи  бонуфузи ан-Низомия дарс дод. Пас аз он ба Форс баргашт ва дар он ҷо ба ҳайси ноиб (муовини)-и раиси дастгоҳи султон  Санҷари Салҷуқӣ дар  Хуросон кор кард. Шаҳристонӣ дар охири умраш ба зодгоҳаш баргашт ва соли 1153 дар онҷо даргузашт. 
 
Осор. Шаҳристонӣ нисбат ба дигар олимону мутафаккирони пешгузашта ва ҳамзамони худ бо он фарқ мекунад, ки дар пеши худ мақсади   ба таври объективӣ  тасвир кардани таърихи дину мазҳабҳоро гузошта буд (Ҳамон манбаъ). Ин ҳадафи олии худро донишманди мутабаҳҳир дар асари бе заволаш «Китоб ал-милал ва-н-ниҳал» дар амал татбиқ карда,дар он  нуқтаи назари таълимотии тамоми динҳо ва фалсафаҳои то замони ӯ вуҷуд доштаро, инъикос намудааст. 
 
«Китоб ал-милал ва-н-ниҳал»  аввалин китобе мебошад, ки дар он  равиши объективӣ ва фалсафӣ ба омӯзиши динҳо таҳия ва истифода шудааст (Watt, William Montgomery. Muslim-Christian Encounters: Perceptions and Misperceptions. London and New York: Routledge, 1991.  –С. 68)). Ин китоб яке аз аввалин пажӯҳишҳои муназзами дин маҳсуб мешавад, ки  бо услуби ғайримуқаррарӣ ва равиши илмии худ маъруф аст (Ҳамон манбаъ). Аз нуфузу эътибор ва аҳамияти баланди илмии ин китоби Шаҳристонӣ ин далел гувоҳӣ медиҳад, ки, масалан, танҳо тарҷумаи фаронсавии он ду маротиба (солҳои 1986 ва 1993) аз ҷониби ЮНЕСКО сарпарастӣ ва маблағгузорӣ шудааст.Аз ҷумлаи асарҳои дигари Шаҳристонӣ, ки дар онҳо андешаҳои фалсафӣ ва диншиносии ӯ зуҳур кардаанд, инҳоро зикр кардан мумкин аст: «Ниҳоят-ул-ақдом фи илм ал-калом» (Анҷоми қадамҳо дар илми илоҳиёт) – дар ин асари Шаҳристонӣ баҳсҳои гуногуни теологӣ оварда шуда, ҳудуди илоҳиёт (калом)-и мусулмонон муайян карда шудааст. 
 
«Маҷлис» китобест,  ки дар давраи камолоти умри ӯнавишта шуда, дар он таълимотии мазҳаби имомияи исноашарии ташайюъ шарҳу тавзеҳ дода шудааст. 
 
«Мусараот  ал-фалосифа» (Мубориза бо файласуфон). Дар ин асар Шахристон бо таъкиди баъзе далелҳои хоси исмоилӣ дар бораи тақсими мавҷудот таълимоти онтологии Ибни Синоро  интиқод мекунад. «Мафотиҳ-ул-асрор ва-масабиҳи-л-аброр» («Калидҳои асрор ва чароғҳои солиҳон»). Дар ин рисола Шаҳристонӣ Қуръонро ба таври умумӣ шарҳ дода, ду сураи аввали Қуръонро пурра тафсир кардааст. 
 
Эътиқоди динии Шаҳристонӣ. Шаҳристонӣ худро аз лиҳози илоҳиётшиносӣ (теологӣ, каломӣ) пайрави мазҳаби ашъарӣ ва аз лиҳози шариат пайрави мазҳаби шофеъӣ муаррифӣ кардааст. Аммо, баъзе ҳамзамононаш  бо ишора ба мазмун ва матолиби китобҳои ӯ«Ал-милал ва-н-ниҳал» ва «Ниҳоят ул-ақдом фи илм ал-калом», ӯро ба гумони пинҳонӣ ба мазҳаби исмоилӣ тамоюл доштанаш танқид кардаанд.  Баъзе олимони муосир низ муосир бар асоси изҳорот дар тамоми навиштаҳои ӯ, ки ба тасаввуфи исмоилӣ ва таълимоти марказии он дар бораи имомат мувофиқат мекунанд, бар ин боваранд, ки ӯ воқеан исмоилӣ буд ва аз усули тақия ё таҳрифи исмоилиён пайравӣ мекард (Lawson, Todd. "Keys to the Arcana: Shahrastani's Esoteric Commentary on the Qur'an: A Translation of the Commentary of Surat al-Fatiha from Muhammad b. 'Abd al-Karim Shahrastani's Mafatih al-asrar wa masabih al-abrar". Journal of the American Oriental Society. № 131(January–March 2011). -С. 170–171).
 
Шаҳристонӣ дар охири умраш ба навиштани «Мафотиҳ ул-асрор» шурӯъ кард ва ин асар ба андешаи муҳаққиқони ғарбӣ ифротгароии дурахшони ақидаҳои хусусии бештари динии ӯро инъикос мекунад.  Шаҳристонӣ дар «Мафотиҳ ул-асрор» матни Қуръонро  бо истинод ба таърихи тафсири Қуръон аз дидгоҳи забоншиносӣ таҳлил кардааст. Ҳадафи ниҳоии муаллиф ин аст, ки маҷмӯаи  мафҳумҳои мукаммал–«калидҳои»унвони асарро барои ошкор кардани маъноҳои эзотерикии оятҳои Қуръон, ки ӯ онҳоро«аркана»-и оятҳо (асрор ул-оёт) номидааст, истифода барад. Ҳамин тавр, Шаҳристонӣ, ки ба таври умум сухангӯи сохтори мазҳабии суннии замони Салҷуқиён маҳсуб мешуд, аз ҷониби Тоби Майер, бо далели истифодаи фаровони истилоҳоту мафҳумҳое, ки аз суннати ақлонии шиъаи исмоилӣ бармеоянд, барои пинҳонӣ дар ҷунбиши исмоилӣ даст доштан гумонбар мешавад. Тафсири ғайримуқаррарии эзотерикӣ ва хеле систематикии Қуръон аз ҷониби Шаҳристонӣ манзараи равшани вазъи тафсири ратсионалии таълимоти динӣ дарсадаи дувоздаҳуми мелодиро фароҳам меорад. 
 
Шаҳристонӣ аз ҷумлаи онҳое буд, ки ба «мавъизаи нав» (даъвати ҷадид)-иҲасани Саббоҳ, доии исмоилӣ ва асосгузори давлати асримиёнагии исмоилии Низориён ҷалб карда шуд. Тибқи ин мавъиза инсоният ҳамеша ба таълимоти поки илоҳӣ ниёз дорад, ки онро танҳо роҳнамои маъсуму таъйиншудаи илоҳӣ метавонад таъмин кунад. Шаҳристонӣ саъй кардааст, ки ин ин тамоюли худро махфӣ нигоҳ дорад, аммо онро шогирдаш Самъонӣ ошкор кардааст((Keys to Arcana: Shahrastani's Esoteric Commentary on the Qur'an (The Institute of Ismaili Studies, Qur'anic Studies Series). Translated by Toby Mayer.-  Oxford University Press.August 31, 2009. - 412 pр.). 
 
Тибқи гуфтаи Ҷонс Линдсей, тафсирҳои Шаҳристонӣ аз Қуръон дар «Мафотиҳ-ул-асрор ва-масобиҳ ул-аброр» пур аз истилоҳоти исмоилӣ мебошанд, зимнан дар ин асар Шаҳристонӣ аз муроҷиати худ ба "бандаи парҳезгори Худо" ёдовар шуда, таъкид мекунад, ки он шахс ба ӯ чӣ гуна пайдо кардани маънои эзотерикии (ботиӣї)-и Қуръонро омӯзондааст. Шаҳристонӣ дар китоби «Мусараот  ал-фалосифа»  эътиқоди Ибни Синоро ба он, ки ки Худо иллати беихтиёр воҷибкунандаи дунёст, интиқод мекунад ва инчунин ақидаи исмоилияро дар бораи он киХудо фаротар аз ҳастӣ ва нестӣ мебошад, дастгирӣ мекунад (Jones, Lindsay (2004). Encyclopedia of Religion. USA:Macmillan Reference. December 17, 2004. -11000 pages). Шаҳристонӣ дар «Мафотиҳ ул асрор»  зарурати вуҷуди ҳидоятгар, ё  роҳнаморо дар олами маънавӣ ва ҷисмонӣ таъкид карда, мегӯяд, ки барои ҳар мартабаи рӯҳонӣ  мудаббире вуҷуд дорад (Шаҳристонӣ. «Мафотиҳ ул-асрор ва масобиҳ ул-аброр». Теҳрон, 1979. Ҷ.1. –С. 59).  
 
Сиришти воқеии тафаккури Шаҳристонӣ. Мавқеи фалсафии Шаҳристониро ба таври якхела муайян кардан мумкин нест. Ӯ аз як тараф, ба ашъариён мансуб буд (таълимоти ашъариён дар асараш «Ниҳоят ул-ақдом фи илми калом» ба таври муфассал баён шудааст), аз тарафи дигар бо исмоилия ҳамфикрӣ дошт, ки инро ҳам шогирдон ва мавъизаҳои ӯ ва ҳам баъзе аз осори ӯ гувоҳӣ медиҳанд. Махсусан, дар рисолаи «Мусораат ул-фалосифа», ки ба муқобили Ибни Сино нигаронида шудааст. Шаҳристонӣ бо Ибни Сино оид ба ҳафт масъалаи метафизикӣ, ки дар осори ӯ баён шудаанд, баҳсу мунозира мекунад. Шаҳристонӣ ҳар як ақидаи Ибни Синоро мисол оварда, онро рад мекунад ва дидгоҳи худро оид ба масъала баён мекунад. Ақидаҳо ва истилоҳоте, ки Шаҳристонӣ ба кор мебарад, аз исмоилияҳо гирифта шудааст.Мавқеи ратсионалистии Шаҳристонӣ дар китоби «Ал-милал ва-н-ниҳал», ки ба тавсифи мазҳабҳои гуногун (аз ҷумла таълимоти фалсафии мухталиф дар чаҳорчӯби калом) ва таърихи онҳо бахшида шудааст, махсусан равшан ифода ёфтааст. Китоби мазкур, ба андешаи М.Н. Волф, дорои хусусияти барҷастаи таърихию фалсафӣ буда, сарчашмаи нодири маълумот дар бораи қадамҳои аввалини ратсионализми фалсафӣ дарислом маҳсуб мешавад.
 
Илова бар ин, хидмати шоистаи Шаҳристонӣ дар он аст, ки ӯ мушкилоти асосии диншиносиро муайян намуда, онҳоро дар асоси низомсозии мазҳабҳои маъруф ва таълимоти фалсафӣ қарор додааст. Бар хилофи китоби ал-Бағдодӣ «ал-Фарқ байн ал-фироқ» («Тафовут байни фирқаҳо»), ки низ ба фирқаҳои исломӣ бахшида шудааст, Шаҳристонӣ аз шарҳи яктарафа ва интиқодии таълимотҳои динию фалсафӣ аз мавқеи дини ислом канорагирӣ кардааст ва пеш аз ҳама ба муаррифии тавсифӣ ва комилан мантиқии мавод тамаркуз кардааст (Ниг.: Вольф М. Н. Средневековая арабская философия: ашаритский калам. Учебное пособие / Новосиб. гос. ун-т. Новосибирск, 2008. — С. 80, 82).Умуман, моҳияти аслии тафаккури Шаҳристонӣ на комилан фалсафӣ аст ва на комилан динӣ, балки ҷанбаҳои ҳардуро дар бар мегирад, ки беҳтар аз ҳама бо ибораи «ҳикмати илоҳӣ» ифода ва тасдиқ мешавад. Шаҳристонӣ, бо вуҷуди мутакаллимонро  сахт интиқод карданаш, бешак мухолифати комил ба фалсафа ва илоҳиёт надошт. Ӯ дар китобаш «Маҷлис» гуфтааст, ки барои дар роҳи рост мондан бояд дар байни ақл ва шунидан тавозуни комил нигоҳ дошта шавад. Ба эътиқоди ӯ, файласуф ё мутакаллим бояд ақли худро пеш аз расидан ба маҳдудаи ақлӣ ба кор барад ва дар он сўйи он маҳдуда  ба таълимоти паёмбарону имомон гӯш диҳад (Шаҳристонӣ Муҳаммад. Мафотиҳ ул-асрор ва масобих ул-аброр. -Теҳрон, 1979. Ҷ. 1. –С. 99).
 
Шоев Зиёвиддин - сардори шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Яндекс.Метрика