Чун сухан аз сиккаҳои исломӣ меравад, бисёре аз донишмандону сиккашиносон Абдумалик ибни Марвонро асосгузори низоми сикказании исломӣ меҳисобанд.
Абдумалик ибни Марвон кӣ буд? Ва чаро маҳз ӯро асосгузори низоми сикказании исломӣ меҳисобанд?
Абдумалик ибни Марвон Соли 646 дар Мадина ба дунё омадааст.
Дар манбаъ ва маъхазҳои таърихӣ Абдулмалик сахтгир ва сангдилу бераҳм ёдрас шудааст, ки дар фурӯ нишондани қиёму шӯришҳо (аз қабили шӯриши Абдуллоҳ ибни Зубайд дар Макка ва Ироқ, 685 – 693; Абдуллоҳ ибни Ашъас дар Систон, 700 – 702) маъруф буд. Дар даврони ҳукуматдории ӯ футӯҳоти араб хеле тавсеа ёфт ва бисёр минтақаҳои Хуросону Мовароуннаҳр низ аз тарафи сипоҳиёни араб фатҳ гардиданд. Ҷорӣ намудани забони арабӣ ба унвони забони давлатӣ, бекор намудани гардиши пулҳои румию эронӣ ва зарби сиккаҳои ягонаи арабӣ дар саросари хилофат, иқдомот барои рушди фарҳанги исломӣ аз муҳимтарин ислоҳоти Абдулмалик ҳисоб меёбанд.
Доир ба ин мавзуъ Балозурӣ чунин менигорад: “Ба рӯзгори Абдуллоҳ ибни Зубайр Мусъад ибни Зубайр дирҳамҳое чанд зарб кард, ки пас аз чанде онҳоро шикаст. Чун Абдумалик ибни Марвон ба хилофат расид аз амри дирҳам ва динор пурсиш кард. Сипас нома ба ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф навишт ва фармон дод, ки дирҳамҳое ба вазни понздаҳ қирот зарб кард. Усмон гӯяд: Падарам гуфт, ки он сиккаҳо дар Мадина ба дасти мо расид, ки дар онҷо ҳанӯз гурӯҳе аз асҳоби паёмбар (с) ва ҷамъе аз тобеин мезистанд. Эшон низ амали Абдумаликро мункир нашуданд.
Дар арсаи сиёсатҳои идорӣ Абдумалик ибни Марвон соли 76-ҳиҷрӣ// 656.мел. як ҷунбиши сиёсие дар маскукот дар ҳавзаи ҷуғрофии сарзаминҳои исломӣ ҳусни оғоз бахшид. Ин амр дар ҳоле ба анҷом расид, ки маскукоти мухталифе дар сарзаминҳои исломӣ ба хотири футуҳоти муслимин ривоҷ дошт, ба мисли: “Хусравӣ Эронӣ” Сосонӣ ва Рум инчунин маскукоти дигар.
Дар истеъмол будани сиккаҳои хориҷӣ дар қаламрави мамлакат ҳукумати Абдумалики Марвонро, ки дар воқеъ рузҳои авҷи иқтидори ҳукумути Умавӣ буд, заъфе эҷод мекард, ки дар ниҳоят ўро ба ин водошт, ки ҷиҳати яксонсозии низоми пулӣ иқдом кунад.
Ибни Касир дар “ал-Бидояҳ ва-н-иҳоя” нақли қавлҳои мухталиферо дар бораи инки зарби сикка соли аввал ба дасти чӣ касе буд, зикр мекунад. Аммо ниҳоятан соли 76 –и ҳиҷрӣ//656 мел ва ба дасти Абдумалик ибни Марвонро мепазирад.
Аз ин ҷо, ки пули ҷадид мебоист ҷойгузини пулҳои гуногуни қаблӣ гардад, Абдумалик ибни Марвон барои ба сурати амали ин амр сиёсати зурӣ, фишор задани дарднок, ҳабси тулонӣ, ҳатто қатлро дар пеш гирифт.
Давом дорад........
Мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ Шокиров У. У