
Муҳаммади Ғазолӣ яке аз мутафаккири барҷастаи асримиёнагии Шарқ буда, таълимоташ саршори ҷанбаҳои ахлоқию ҳуқуқӣ ва тарбиявианд. Яке аз намунаи эҷодиёти мутафаккир рисолаи «Айюҳа-л-валад» [1] мебошад. Муҳаммади Ғазолӣ рисолаи мазкурро дар ҷавоби саволҳои шогирди хеш навиштааст. Яке аз шогирдони мутафаккир, ки солҳои зиёд дар назди ӯ таҳсил менамояд, баъд аз фориғ шудан аз таҳсил ва баргаштан ба ватани хеш, бо худ меандешад, ки ман солҳои зиёде берун аз ватани худ илм омӯхтам, заҳматҳои зиёд кашидам, шабҳои зиёде бедорхобӣ кашида, китоб мутолиа кардам. Акнун вақти он расидааст, ки бидонам, кадоме аз ин илмҳо ба манфиати ман хоҳад буд.
Аз ҳамин сабаб, ба устоди худ мактубе менависад ва чанд саволе медиҳад. Ва таъкид мекунад, ки устодаш Имом Муҳаммади Ғазолӣ саволҳои ӯро дар чанд варақе нависад, то ӯ ҳамеша онро бо худ дорад ва ба он амал намояд. Чунончӣ дар рисола омадааст: «Агарчи Шайхи бузургвор, дар ҷавоби ин дархостҳо китобҳои фаровоне мисли: «Эҳёу-у-улуми-д-дин», «Кимиёи саодат», «Ҷавоҳиру-л-Қуръон», «Минҳоҷу-с-сунна» ва ғайраро ба риштаи таҳрир даровардаанд, вале манзури ман ин аст, ки ҷавоби маро дар чанд сафҳа бинависӣ. То ҳамеша онро ҳамроҳ, дошта бошам. Ва бад-он амал намоям» [1, с. 11].
Албатта, олиме чун Муҳаммади Ғазолӣ, наметавонист дархости шогирди хешро бе ҷавоб бигзорад. Аз ҳамин сабаб ба саволҳои шогирдаш ҷавоб менависад. Ва натиҷаи ин ҷавоби саволҳо ҳамин рисолаи «Айюҳа-л-валад» аст. Зеро дар он ҷавобнома Муҳаммади Ғазолӣ шогирдашро: «Айюҳа-л-валад» (эй фарзанд) гуфта хитоб кардааст.
Бешак Муҳаммади Ғазолӣ рисолаи «Айюҳа-л-валад»-ро замоне навиштааст, ки ба ниҳояти пухтагии фикрӣ расида буд. Ин рисолаи хурд, ҳарчанд охирин таълифи мутафаккир набошад ҳам, ҷузви охирин таълифоти ӯ ба шумор меравад. Мавзӯи асосии рисолаи мазкур ахлоқ, дин, ирфон, илм, амал кардан ба илми худ, мавъизаи некӯ намудан ва шароити он аст. Чи тавре, ки дар боло қайд карда шуд, Муҳаммади Ғазолӣ рисолаи «Айюҳа-л-валад»-и худро баъди китоби бузурги хеш «Эҳёу-у-улуми-д-дин» таълиф намудааст. Пухтагии матолиб ва мушаххасоти олӣ, сабаб шудааст, ки рисолаи мазкур ба чандин забонҳои дунё (бо забони олмонӣ (соли 1838), бо забони франсавӣ, англисӣ ва испанӣ (соли 1951), бо забони форсӣ (соли 1961), бо забони тоҷикӣ (соли 2005) ва ҳоказо) тарҷума ва таҳия шавад [2].
Баъди таҳлили ҷабҳаҳои ахлоқию ҳуқуқӣ ва тарбиявии «Айюҳа-л-валад»-и Муҳаммади Ғазолӣ дар қисмати «Фавоиди ҳаштгона барои растагорӣ» [1, 2] ба хулосаҳои зерин омадан мумкин аст:
1. Мутафаккир дар ин ҷо дар баробари панд додан, инчунин вазифаҳои инсони комилҳуқуқу бомаърифатро нишон додааст;
2. Беҳтарин муниси инсон аъмоли солеҳ (корҳои хуби инсон) аст, чунки дар дунё ва охират дастгири шахс мегардад;
3. Инсон бояд худашро аз ҳаво ва ҳаваси нафси хеш боздорад ва дар амали нек ва шоиста кушиш намояд;
4. Инсон набояд дар саъйю кушиши ҷамъ кардани боигарӣ шавад, балки дар роҳи хайру саховат, закоту садақа бошад ва ба иҷрои амалҳои нек кушиш намояд;
5. Инсон бояд шараф, иззат, бузургворӣ, каромат ва ифтихори худро дар накукорию парҳезкорӣ бинад;
6. Инсон набояд ба боигарӣ, мақому мартаба ва илми касе ҳасад барад;
7. Инсон набояд ба касе бо сабаби корҳои дунявӣ душманӣ кунад ва кина дар дил дошта бошад;
8. Инсон набояд аз касе барои рисқу рӯзӣ тамаъҷӯи кунад, чунки рӯзии ҳар шахс бар уҳдаи Худованд аст;
9. Инсон бояд ба меҳнати ҳалол машғул шуда ба Худованд боварӣ дошта бошад.
Албатта, дар баробари ин ҳама ҷанбаҳои мусбати рисола, дар васиятнома мо баъзе аз сахтравию таъкидҳои мафкуравии диниро низ мушоҳида менамоем, ки онҳо гувоҳӣ аз фарзанди замони худ будани олим шаҳодат медиҳад.
Адабиёт:
1. Имом Муҳаммади Ғазолӣ. Айюҳа-л-валад / Мутарҷим: Боқири Ғуборӣ. Бо саъю эҳтиром, сарсухан, таҳия, танзим, истихроҷи аҳодис, тавзеҳот, шарҳи луғот ва феҳрасти Комилхоҷа Қодиров. Таҳти назари Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Муҳаммадҷон Умаров. – Душанбе: «Графика-С», 2005. – 76 с.
2. Шоев Ф.М. Ғояҳои ҳуқуқи инсон дар «Айюҳа-л-валад»-и Муҳаммади Ғазолӣ // Ҳуқуқи инсон: мушкилот, роҳи ҳал ва дурнамо (маводи конференсияи байналмилалии илмию амалӣ бахшида ба таҷлили рӯзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон) / Зери таҳрири н.и.ҳ., дотсент Раҳмон Д.С. – Душанбе: Матбааи ДМТ, 2019. – С. 116-121.
Шоев Фируз - сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ